Сокинони Душанбе рекордҳои варзиширо ба хотираи Ғалабаи Бузург бахшиданд

Навид

Сокинони Душанбе рекордҳои варзиширо ба хотираи Ғалабаи Бузург бахшиданд

МегаФон Тоҷикистон эстафетаи атлетикаи сабукро, ки ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ ташкил карда шуд, дастгирӣ намуд. Ба ҳайси ташкилкунандаи чорабинӣ, ки рӯзи 27 апрел дар Боғи Ғалабаи пойтахт доир шуд, намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Чорабинӣ оид ба дав иштирокчиёни синну сол ва миллатҳои гуногунро бо хотира оид ба корнамоии халқҳои ИҶШС, ки паҳлуи ҳамдигар истода дар фронт меҷангиданд ва дар якҷоягӣ оламро аз фашизм наҷот доданд, муттаҳид намуд.

Иштирокчиёни эстафета дар ду масофа: 7 км – барои калонсолон ва 500 м – барои кӯдакону наврасон қувваозмоӣ карданд. Ғолибону шахсони мукофотгиранда бо туҳфаҳои хотиравии аз ҷониби шарики расмӣ – ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пешниҳодшуда қадрдонӣ карда шуданд. Ба давандагони беҳтарин сертификатҳо ба маблағи 5 000 Мб трафики интернет ва инчунин рақамҳои “тиллоӣ” бо арзиши 500 ё 1 000 сомонӣ тақдим карда шуданд.

Дар чорабинӣ оид ба дав кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” низ иштирок карданд. Ба масофа бо омодагии том командаи иборат аз 4 нафари оператор бо майкаҳои сабзи фирмавии худ баромаданд. Сару либоси ягона рамзи якдилӣ, нерӯ ва саъю талош барои ба даст овардани ғолибият маҳсуб меёфт.

“Барои командаи мо ҳамроҳшавӣ ба чунин рӯйдод ифтихори калон буд. Хотира оид ба Ғалабаи Бузург наслҳову халқҳоро бо ҳам муттаҳид месозад. Ба воситаи варзиш мо ба ҳамаи онҳое, ки барои озодӣ ва сулҳ мубориза мебурданд, миннатдорӣ баён менамоем”, – қайд намуд директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.

МегаФон Тоҷикистон чун анъана лоиҳаҳои иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангии ба пешбурди тарзи ҳаёти солим, нигоҳдории арзишҳои таърихӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо нигаронидашударо дастгирӣ менамояд. Иштирок дар ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо як ҷузъи муҳимми сиёсати ширкат маҳсуб меёбад.