Суғд дар алоқа: ВАО сатҳи рушди рақамии минтақаро баҳогузорӣ карданд

Навид Хабарҳои Хадамот

Суғд дар алоқа: ВАО сатҳи рушди рақамии минтақаро баҳогузорӣ карданд

26-28 июн нахустин сафари эҷодӣ-сайёҳии ВАО-и ҷумҳуриявӣ ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Сугд анҷом дода шуд. Ҳадафи сафар, ки бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи Ваҳати миллӣ ташкил карда шуд, – нишон додани рушди соҳаи алоқа ва чӣ гуна ширкатҳои пешбари телекоммуникатсионӣ дастрасии бештари технологияҳои рақамиро барои сокинони кишвар таъмин мекунанд, ба ҳисоб рафт. Яке аз оператороне, ки аз иншоотҳояш рӯзноманигорон дидан карданд, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” буд.

Рӯзи якум: Панҷакент

Дар шаҳре, ки сафар аз он оғоз шуд, кормандони ВАО бо инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ шинос шуданд. Таваҷҷуҳи махсусро нахустин пойгоҳи базавии таъиноти махсус, ки дар Панҷакент аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” насб гардидааст, ба худ ҷалб кард.

“Он сокинони шаҳрро бо алоқаи устувор ва интернети баландсуръат таъмин намуда, ҳамзамон гирду атрофро равшан месозад. Чунин имкониятҳо барои ҷойҳои муносиби шаҳрӣ ва деҳаҳои кӯҳӣ қулай мебошанд”, – шарҳ дод муҳандис оид ба корбурди системаҳои пойгоҳҳои базавӣ дар Панҷакент Қаҳрамон Ҷумъаев.

Рӯзноманигорон инчунин бо сокинони деҳаҳои назди кӯҳӣ суҳбат намуданд. Новобаста аз релефи душвор ва масофаи дур аз шаҳр, истифодабарандагон сифати алоқа ва интернети мобилиро мусбат арзёбӣ карданд.

Рӯзи дуюм: “Артуч” ва Истаравшан

Субҳи рӯзи дуюмро иштирокчиёни пресс-тур дар базаи сайёҳии “Артуч”, дар яке аз гӯшаҳои хушманзараи Суғд гузарониданд. Ва фаҳмиданд, ки ҳатто дар мавзеъҳои кӯҳӣ сайёҳон ва кормандони база бо алоқаи боэътимоди мобилӣ таъмин ҳастанд.

Хатсайр ба самти Истаравшан идома ёфт. Дар ин ҷо намояндагони ВАО аз иншоотҳои алоқа боздид ба амал оварда, бо кори идораҳои ширкатҳои телекоммуникатсионӣ шинос шуданд ва устувории сигналро дар ноҳияҳои гуногуни шаҳр баҳогузорӣ карданд.

“МегаФон Тоҷикистон” мунтазам кори мӯътадили шабакаро назорат менамояд, то муштариён тавонанд дар дилхоҳ вақт аз хизматрасониҳои рақамӣ истифода баранд. Мониторинги сифати алоқаро дар ҳама ҷо – дар маркази шаҳр, маҳаллаҳои дурдаст ва ҷойҳои машҳури истироҳатӣ анҷом медиҳем”, – иброз дошт муҳандиси пешбар оид ба корбурди шабакаи пойгоҳӣ Шуҳрат Азимов.

Рӯзи сеюм: Хуҷанд

Дар рӯзи охирини пресс-тур намояндагони ВАО аз идораи марказии хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Хуҷанд, ки дар он ҷо барои тамоми мизоҷон, аз ҷумла мизоҷони корпоративӣ хизматрасониҳо пешниҳод мегарданд, дидан намуданд. Дар ин ҷо рӯзноманигорон дар бораи афзоиши ҳиссаи истифодабарандагони рақамӣ ва нақшаҳои ширкат маълумот пайдо карданд.

“Бо ифтихор гуфта метавонам, ки муштариёни мо дар вилояти Суғд “истифодабарандагони фаъолтарини имкониятҳои рақамӣ” ба ҳисоб мераванд, зеро ҳиссаи корбарони интернети мобилӣ дар минтақаи мо дар қиёс бо дигар манотиқи кишвар хеле зиёд аст, – изҳор дошт Илдар Салихов, директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”. –  Вале, мо  танҳо  бо ин  натиҷаҳои худ  маҳдуд  нагардида, баҳри  рушду пешравиҳо саъйю кӯшиш менамоем. МегаФон Тоҷикистон пайваста баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо кор мебарад.  Ҳоло дар вилояти Суғд даҳҳо пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G бунёд мегарданд. Таҷҳизоти пештар насбшуда  нав карда мешавад. Дар натиҷа суръати интернет баландтар ва сатҳи фарогирии шабака васеътар мегардад. Кормандони ширкати мо ҳамарӯза талош меварзанд, то ки хизматрасониҳои рақамӣ боэътимодтару дастрастар бошанд. Ҳадафҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди соҳа гузошташуда иҷро хоҳанд шуд!”

Тавре рӯзноманигорон огаҳӣ пайдо карданд, хизматрасонии босифат ба  мизоҷон низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.   Дар Суғд зиёда аз 80 идораи хизматрасонӣ ва толорҳои фирмавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” фаъолият доранд.

 Якҷоя – ба сӯи ояндаи рақамӣ

Рӯзноманигори агентии “Ховар” Меҳрон Қурбон таассуроти худро аз сафар баён кард: “Пресс-тур дар сатҳи баланд баргузор шуда, масъалаи тадорукотӣ дақиқу мукаммал ба роҳ монда шуд. Дар тӯли ин сафар МегаФон Тоҷикистон моро бо Wi-Fi-и баландсуръати бемаҳдуд таъмин намуд. Ин барои кори рӯзноманигорон ҳангоми таҳияи гузоришҳо махсусан муҳим аст”.

Пресс-тур возеҳ нишон дод, ки алоқа чӣ гуна дар ҳар гӯшаи кишвар ҷорӣ шуда истодааст, технологияҳои рақамӣ ба одамон то чӣ андоза наздиктар мешаванд ва суҳбати ошкоро миёни ҷомеа, давлат ва операторони алоқа чӣ қадар муҳим аст. Зеро ояндаи рақамии Тоҷикистонро якҷоя бунёд мекунем.