Тақдими туҳфаҳо ба оилаҳои ниёзманд

Зиёда аз 170 оилаи камбизоат туҳфаҳо иборат аз маҳсулоти озуқавории ниёзи аввалия гирифтанд. Иқдоме, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардидааст, дар ВМКБ ва вилояти Суғд оғоз ёфт. Сипас кӯмак ба оилаҳо дар шаҳри Душанбе, НТМ ва вилояти Хатлон расонида шуд.
Волидайни серфарзанд, одамони калонсоли яккаву танҳо, собиқадорон, оилаҳое, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд, – ба чунин ашхос ташкилкунандагони иқдоми хайриявӣ кӯмак расониданд.
“Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон – рамзи муҳими муттаҳидии ҷомеаи мо мебошад. Мо ташаббуси хайриявии худро маҳз ба ҳамин сана бахшидем. Итминон дорем, ки ҳатто кӯмаки начандон бузург метавонад ба оилаҳое, ки махсус ба он ниёз доранд, хурсандию сабукӣ оварад. Умедворем, ки иқдоми моро дигар ширкатҳо низ дастгирӣ хоҳанд кард, зеро корҳои неку хайр низ ба монанди ҷашну идҳо одамонро ба ҳам муттаҳид месозанд, – қайд кард директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.
Дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ – анъанаи нек барои оператор аст. Вай мунтазам ба хонаҳои кӯдакон, ташкилотҳои собиқадорон, ҷамъиятҳои одамони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд кӯмак мерасонад. Барои рушди варзиш корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Ҳамин тариқ, имсол ширкат дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мусобиқаи кӯдаконаро, ки дар он кӯдакон аз тамоми минтақаҳои кишвар метавонанд дар сатҳи нав, бо доварии касбӣ ва дар майдонҳои беҳтарин бозӣ кунанд, баргузор менамояд. Роҳ ба сӯйи варзиш барои тамоми кӯдакон новобаста аз сатҳи зиндагии оилаҳояшон боз мешавад.