Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид

Навид ТИК

Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид

Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд. Дар робита ба ин директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо муовини Сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Григоренко мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Ҷонибҳо аз имконияти мавҷуда, инфрасохтори муосир ва имконияту дастовардҳои резидентҳои IT Park-и Душанбе шинос гардида, масоили рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, густариши ҳамкории дуҷониба дар самти технологияҳои иттилоотӣ, рушди экосистемаи инноватсионӣ ва дастгирии стартапҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.