Таҷлили Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа дар Хадамоти алоқа

Навид Хабарҳои Хадамот

Таҷлили Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа дар Хадамоти алоқа

Имрӯз дар IT-PARK DUSHANBE  бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз вазорату идораҳо, масъулини соҳаи алоқа ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Исфандиёри Саъдулло – Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломзода Раҳмиддин – муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Хуршед Мирзо – Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти ҶТ  баромад намуда, иди касбии кормандони телевизион, радио ва соҳаи алоқаро ба ҳозирин ва масъулин табрик гуфтанд. Ҳамчунин аз дастовардҳои муҳими соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ карданд. Зикр гардид, ки дар асри 21 татбиқ ва баҳрабардории васеъ аз технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ авлавияти хос ва аҳамияти стратегӣ  пайдо намудааст.

Исфандиёри Саъдулло – Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш иброз дошт, ки имрӯз нақши алоқа бо маҷмуи самтҳои хеш ба муҳимтарин ҷузъи ҳаёти башарӣ табдил ёфта, дунёи муосирро бе воситаҳои алоқа ва иттилоот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин василаҳои иртибототи оммавӣ на фақат фосилаҳоро наздик месозад, балки дилҳоро муттаҳид карда, ҳамбастагиро ба вуҷуд меорад. Бо таҳаввулоти рӯзафзуни илму техника ва навовариҳои муосир, соҳаи алоқа низ пайваста дар ҳоли дигаргуниҳои зерсохторӣ қарор дорад. Бо назардошти ин, бо итминон метавон гуфт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ислоҳоти соҳаи мазкур дар кишвари маҳбубамон бо маром идома дорад.

Дар қисмати дигари чорабинӣ  як қатор ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ, намояндагони ВАО, кормандон ва собиқадорони соҳаҳои алоқа бо  Сипоснома ва Ифтихорномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи “Устоди алоқа” қадрдонӣ гардиданд.

Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу суруд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 7-уми май ҳамчун Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа  таҷлил мегардад.