Тамоми участкаҳои интихоботӣ бо алоқаи барқии баландсифат таъмин мешаванд

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

Тамоми участкаҳои интихоботӣ бо алоқаи барқии баландсифат таъмин мешаванд

Бо супориши раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла Интернет, дар тамоми участкаҳои интихоботӣ дар саросари кишвар санҷида шуда, ҳамам онҳо бо алоқаи барқии баландсуръат дар рӯзи баргузории интихобот таъмин мегарданд.

Ин ташаббус дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, мақсад аз он дар сатҳи баланд баргузор шудани Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2-юми март баргузор мегардад, мебошад. Мусаллам аст, ки дастрасӣ ба алоқаи барқӣ дар рафти интихобот аҳамияти хос дорад, аз ҷумла барои нозирини дохилию байналмилалӣ, намояндагони ВАО-и дохилию хориҷӣ ва коммисияҳои интихоботӣ.

Барои анҷом додани корҳои санҷишӣ сохторҳои Хадамот дар тамоми минтақаҳо ва ширкатҳои мобилӣ ҳамкориро бо масъулини участкаҳои интихоботӣ, ҶСК “Барқи Тоҷик” ва дигар ниҳодҳои дахлдор идома дода, дар кӯтоҳтарин муҳлат мушкилоти вуҷуддоштаро бартараф мекунанд.