Тананаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти алоқа
Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият, кормандони Хадамоти алоқа ва сохторҳои зертобеи он, инчунин операторони алоқаи мобилӣ ва собит иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар саҳни бинои Хадамоти алоқа намоиши дастархони Наврӯзи байналмиллалӣ иборат аз ҳафт син ва ҳафт шин пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин дар як гӯшаи махсуси намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҳам ташкил карда шуд. Боиси зикр аст, ки барои беҳтарин дастархони наврӯзӣ озмун эълон гардида буд. Дастархони наврӯзии провайдери миллии “Тоҷнет” сазовори ҷои аввал дониста шуд.
Дар оғози чорабинӣ Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқа иброз намуд, ки ҷашни Наврӯз муаррифгари таърих фарҳанг ва ойинҳо деринаи миллатамон буда, саҳми муҳим доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми байналмилалӣ гирифтани он боиси афзоиши эътибори Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Дар идома Сардори Хадамоти алоқа илова намуд, ки Наврӯзи байналмилалӣ фарогири суннат ва анъанаҳои неки инсонӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ ба чанд нафар кормандони собиқадор ва фаъоли соҳаи алоқа бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Хадамот қадрдонӣ карда шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ барномаи фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқӣ пешниҳод гардида, ҳозирин дар зери оҳангҳои зебою дилнишин рақсу шодӣ намуданд.