Таърихи пайдоиш ва рушду инкишофи «Алоқаи махсус» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизматрасонии почтавӣ муҳимтарин воситаи паҳн кардани иттилот аз қадимулаём то ба замони муосир ба ҳисоб рафта, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад. Ба қавле нахустин воситаи муомилоти байни одамон ба ҳисоб меравад. Хизматрасонии почтавӣ аз таърихи пайдоиши худ шоҳиди ҳаводису воқеаҳои гуногун, шаклҳои гуногуни давлатдорӣ гардида, дар ҳеҷ давру замон моҳият ва вазифаҳои худро гум накардааст.
Ба иттилои сарчашмаҳои таърихӣ аввалин шоҳроҳи почта дар таърих, ки онро роҳи императорӣ низ мегуфтанд, аз ҷониби Шоҳи Форс куруши Кабир дар солҳои (559-530) пеш аз мелод сохта шудааст ва шахсони ба ин кор ҷалб шуда, аз лиҳози донишу фаҳмиш, ҷисману руҳан пурқувват қабул карда мешуданд. Дар ин шоҳроҳ номарасонҳо тавасути аспҳо хизмат расонда, хонаҳои махсус, барои истироҳат, хурокхурӣ ва ивази аспҳо доштанд, ки ин барои ҳарчи зудтар дастрас гардидани иттиллот аз як гӯша ба гушаи дигар буд ва дар ҳамон замон намунаи оли ба ҳисоб мерафт.
Бори аввал дар замони Шуравӣ Қарор аз ҷониби Совети Комиссариати Халқии Иттифоқи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ таҳти № 884-145с аз 17-июни соли 1939 дар бораи ташкил кардани корхонаи “Алоқаи махсус” қабул карда шуд. Бо фармони Комиссариати халқии алоқа аз 1 августи соли 1939 Корхонаи “Алоқаи махсус” барои бурда расонидани муросилотҳои махсус ва металҳои қимматнок ташкил гардид. Мувофиқи низомномаи тасдиқгардида аз ҷониби Совети Комиссарони халқии Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ (СССР) аз 17- январи соли 1940, таҳти №96-47М, Корхонаи “Алоқаи махсус” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд.
Дар замони муосир роҳҳои гуногуни расонидани муросилотҳо ба вуҷуд омадааст, ки ин аз рушд ва пешрафти соҳа дарак медиҳад.
Корхонаи воҳиди давлатии “Алоқаи махсус” яке аз чунин корхонаҳои болозикр ба шумор рафта, дар самти қабул ва дастрас кардани муросилотҳои махсус саҳми назаррас дорад. Имрӯзҳо КВД “Алоқаи махсус” қариб бо ҳамма вазорату идораҳои давлатӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, муросилоти қабулшударо саривақт беосеб ва дар муҳлатҳои муайянгардида дар дохили кишвар инчунин давлатҳои пасошуравӣ дастрас менамояд. КВД “Алоқаи махсус” дорои дастгоҳи марказӣ, 3- филиал ва 2-шуъбаи минтақавӣ буда, фаъолияти шабнарӯзии бе рӯзҳои истироҳатӣ дорад.
Айни ҳол шумораи умумии кормандон – 51 кормандро ташкил медиҳад. Аз ин шумораи болозикр 41 нафар мардон ва 10 нафар занон мебошанд.
Дар тӯли фаъолияти худ кормандони “Алоқаи махсус” ҳам дар давраи ҷанг ва ҳам дар давраи осоишта аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, масъулияти бар душашон вогузорбударо сарбаландона иҷро карда истодаанд.