Tcell дастрасӣ ба интернети баландсуръатро дар деҳаҳои дурдасти НТМ таъмин месозад

Навид Хабарҳои Хадамот

Tcell дастрасӣ ба интернети баландсуръатро дар деҳаҳои дурдасти НТМ таъмин месозад

Ширкати Tcell боз як қадами муҳимро барои тавсеаи минтақаи пӯшиши шабака ва беҳтарсозии сифати алоқа дар ҷумҳурӣ мегузорад. Дар доираи рисолати худ оид ба таъмини интернети баландсуръат барои ҳама, ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои кишвар, дар пойгоҳҳои мавҷуда дар як қатор мавзеъҳои НТМ барои интиқоли маълумот пойгоҳҳои нави базавӣ (ПБ) -ро фаъол намуд.

Нуқтаҳои нави пайвастшавӣ:

Бади Сароб дар ноҳияи Сангвор;
Пандовчӣ ва Қумоқи ноҳияи Нуробод;
Оқсой ва Сугат дар ноҳияи Лахш.
Ба шарофати ба кор андохтани пойгоҳҳои базавӣ, сокинони ин деҳаҳо акнун ба интернети мобилии баландсуръат аз ширкати Tcell дастрасӣ доранд. Ин имкониятҳои навро барои омӯзиш, кор, муошират ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои муосири рақамӣ, ки қаблан маҳдуд буданд, фароҳам меорад.

Дастрасии рақамӣ барои ҳама
Tcell рушди фаъоли инфрасохтори коммуникатсионӣ, бахусус дар манотиқи дурдаст ва кӯҳистони кишварро идома медиҳад. Тавсеаи фарогирии шабака ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳамаи сокинони Тоҷикистон, новобаста аз ҷойгиршавӣ, равона шудааст.

«Мо мефаҳмем ва дарк менамоем, ки дастрасӣ ба интернети баландсуръат ин нозу неъмат нест, балки зарурати рушди ҳамаҷониба ва муошират дар дунёи муосир аст. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки барои ҳама алоқаи баландсифатро таъмин кунем», – қайд мекунанд мутахассисони ширкати Tcell.

Самтҳои рушди шабака:
Ин иқдомҳо тааҳҳудоти Tcell -ро ба стратегияи беҳбуди сифати алоқа ва таъмини дастрасии хидматҳои интернетӣ, ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои кишвар инъикос мекунанд. Ширкат бунёдсозӣ ва таҷдиди истгоҳҳои базавиро идома дода, минтақаи фарогириро васеъ намуда, дар рушди телекоммуникатсия дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Tcell бо ин ҳама маҳдуд намешавад: лоиҳаҳои нав оид ба ифтитоҳи пойгоҳҳои ҷадиди базавӣ ва беҳтар намудани фарогирии шабака аллакай дар ҳоли таҳия мебошанд.