Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд

Навид Хабарҳои Хадамот

Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд

 Имрӯз, пас аз мулоқоти расмии сарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин — дар Душанбе маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки яке аз инҳо Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Русия буд.  

Ёддошти тафоҳуми мазкур ба масъалаҳои мубрами замони муосир — танзими истифодаи спектри радиобасомад, мубориза бо паҳншавии иттилооти ғайриқонунӣ дар интернет ва пешгирии зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа — бахшида шудааст.

Ин иқдом метавонад амнияти иттилоотӣ ва эътимоди ҷомеаро ба муҳити рақамӣ тақвият бахшад. Ҳамзамон, он барои ҳамоҳангсозии сиёсати ду кишвар дар мубориза бо таҳдидҳои киберӣ ва ҷиноятҳои рақамӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Имзои ин Ёддошти тафоҳум нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои худро на танҳо дар соҳаҳои иқтисодию низомӣ, балки дар ҷабҳаи нави амнияти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ низ густариш медиҳанд.