Ҳайати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сардори Хадамот Шоҳназар Холназарзода дар Форуми ҳамкорӣ ва рушди тиҷорати электронии Роҳи абрешим, ки рӯзҳои 21–23 июли соли 2026 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни форум, ки таҳти унвони «Имкониятҳо ва таҷрибаҳои тиҷорати электронӣ дар давраи зеҳни сунъӣ» баргузор гардид, ҳайати Тоҷикистон дастовардҳои кишварро дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва соҳаи алоқа муаррифӣ кард.
Шоҳназар Холназарзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ ва аввалин кишвари камдаромади ҷаҳон аст, ки Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро қабул кардааст. Ӯ ҳамчунин аз пешрафтҳои назаррас дар рушди шабакаҳои 5G, беҳтар шудани суръати интернет, кушодани масирҳои нави транзитии ҷанубӣ ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавии CASA ёдовар шуд.
Дар анҷоми суханронӣ, ҳайати Тоҷикистон шарикони байналмилалиро ба сармоягузорӣ дар долони рақамии CASA, ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва рушди тиҷорати электронӣ даъват намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон барои ҳамкориҳои рақамӣ имкониятҳои воқеӣ, заминаи ҳуқуқӣ ва бозори ҷавони рушдёбандаро пешниҳод мекунад.
Иштироки Тоҷикистон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ мавқеи кишварро ҳамчун шарики фаъоли ҳамкориҳои рақамӣ дар минтақа таҳким бахшида, барои рушди Роҳи абрешими рақамӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.