Корхонаи фаръии “Алоқаи махсус”-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи кории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ташкил ва такмили мубодилаи фаромарзии ирсолоти махсус байни давлатҳои ҳамсарҳад, ки 27 июни соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Корхонаи фаръии «Алоқаи махсус» Назарзода Меҳроҷ ва сардори шуъбаи Корхонаи фаръии «Алоқаи махсус» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Дӯстмамадов Носир ширкат варзиданд.
Ҷаласа бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал-майори милитсия Суюнбек Ниёзбеков, роҳбарияти Хадамоти фелдъегерии ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, Корхонаи давлатии «Хадамоти алоқаи махсуси Хадамоти фелдегерӣ» ва намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ташкил, такмил ва густариши ҳамкориҳо дар самти мубодилаи фаромарзии ирсолоти махсус, мубодилаи таҷриба ва таҳияи роҳҳои муштараки рушди ҳамкорӣ байни кишварҳои ҳамсарҳад баррасӣ гардиданд.

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин ҳамоиш қадами муҳим дар роҳи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва такмили низоми мубодилаи байналмилалии ирсолоти махсус ба ҳисоб меравад.