Толорҳои алоқа дар қаламрави кишвар бештар мегарданд
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” тавсеаи шабакаи хизматрасонии худро идома дода, толорҳои нави фирмавӣ ва марказҳои алоқаро дар минтақаҳои кишвар ифтитоҳ менамояд. Акнун боз ҳам бештари сокинони ҷумҳурӣ метавонанд дар наздикии хона ё ҷои кори худ, ҳангоми рафтан барои харид ё ба назди хешовандон, аз хизматрасониҳои алоқа баҳравар гарданд.
Нуқтаҳои фурӯши ширкат доираи васеи хизматрасониҳо, аз ҷумла фурӯши симкортҳо ва пайвастшавӣ ба шабака, машваратҳо оид ба тарофаҳо ва хизматрасониҳои рақамӣ ва кӯмакро дар танзимкунии смартфонҳо пешниҳод менамоянд. Афзоиши шумораи толорҳои алоқа имкон медиҳад, ки ба мизоҷон дар ҷойҳои барои боздид қулайтарин, ба монанди марказҳои савдо ва ё дар наздикии автовокзалҳо, кӯмак расонида шавад.
“Мо мекӯшем, ки ба ҳар як сокини кишвар наздиктар шавем. Ифтитоҳи толорҳои нав дар минтақаҳо қадамест ҷиҳати дастрас гардидани алоқаи босифат, технологияҳои муосир ва хизматрасониҳо ба ҳар кас, новобаста аз маҳалли зисти ӯ,” – мегӯяд Фарҳод Шаймуродов – роҳбари хадамоти фурӯши ширкати «МегаФон Тоҷикистон».
Суроғаи нуқтаҳои наве, ки оператор дар якчанд ҳафтаи охир кушодааст:

«МегаФон Тоҷикистон» – алоқае, ки ҳамеша дар наздикии шумост!