Бонки миллии Тоҷикистон шаҳрвандонро аз паҳн шудани эълонҳои бардурӯғ оид ба мусоидат дар гирифтани қарзҳои имтиёзнок ҳушдор додааст.
Ба иттилои Бонки миллӣ, чунин эълонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо паҳн шуда, ҳадафи асосии онҳо фиреб додани шаҳрвандон ва ба даст овардани маблағҳои онҳо мебошад.
Қаллобон барои эътимоднок нишон додани пешниҳодҳои сохта аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, логотип ва унсурҳои сохтаи расмӣ, инчунин фикру мулоҳизаҳои бардурӯғ ва ботҳои сохта истифода мебаранд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба чунин эълонҳо ва паёмакҳо бовар накунанд, ба шахсони ношинос маблағ интиқол надиҳанд ва маълумоти марбут ба хизматрасониҳои молиявиро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоянд.
Бонки миллӣ таъкид мекунад, ки ба шахсони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ анҷом намедиҳад ва ба аҳолӣ қарз намедиҳад. Ҳамчунин, Бонки миллӣ аз шаҳрвандон барои интиқоли маблағ дархост намекунад ва тавассути паёмрасонҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ ё шаҳодатномаи кормандони худро ирсол намекунад.
Дар сурати гумон кардан ба фиреби қаллобон, шаҳрвандон бояд фавран корти бонкии худро масдуд карда, ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳушёрӣ ва санҷиши маълумот аз манбаъҳои боэътимод яке аз роҳҳои муҳими ҳифзи маблағҳо ва амнияти молиявии шаҳрвандон мебошад.