Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, барои рушди босуботи давлат ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандон заминаи устувор фароҳам овард. Маҳз сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ имкон доданд, ки кишвар аз марҳилаи душвори таърихӣ гузашта, роҳи созандагӣ, пешрафт ва рушди устуворро пеш гирад. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи ҳамбастагии миллат, балки асоси рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ мебошад.
Дар расидан ба ин неъмати бебаҳо саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихӣ ва тақдирсоз мебошад. Бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардида, барои рушди инфрасохтори давлатӣ, иқтисодиёт ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам омад. Ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ имрӯз масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст буда, маҳз бо ҳисси баланди масъулият, ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ метавон ин дастоварди бузургро барои наслҳои оянда нигоҳ дошт.
Соҳаи алоқа – самараи сулҳу субот
Рушди соҳаи алоқа аз ҷумлаи он соҳаҳое мебошад, ки беш аз ҳама аз фазои сулҳу оромӣ баҳра бардоштааст. Дар солҳои аввали Истиқлол имкониятҳои техникии соҳа маҳдуд буданд, шабакаҳои алоқа фарсуда ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосир хеле кам буд. Бо барқарор гардидани сулҳу субот ва татбиқи сиёсати созандаи давлат рушди соҳа марҳилаи нави худро оғоз намуд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шабакаҳои телекоммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ густариш ёфта, хатҳои нахи оптикӣ, марказҳои муосири коммуникатсионӣ, шабакаҳои мобилӣ ва хизматрасониҳои интернетӣ босуръат рушд карданд. Имрӯз алоқа ба яке аз инфрасохторҳои калидии кишвар табдил ёфта, фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, бахши молия, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳоро таъмин менамояд.
Таҳаввулоти рақамӣ, рушди ҳукумати электронӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва иқтисоди рақамӣ низ маҳз дар фазои сулҳу суботи кишвар амалӣ гардида истодаанд. Бидуни оромии ҷомеа ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва ворид намудани технологияҳои нав имконнопазир мебуд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сулҳу ваҳдат барои рушди соҳаи алоқа на танҳо шароити мусоид, балки заминаи асосӣ ва кафолати пешрафтро муҳайё кардааст.
Имрӯз аҳамияти соҳаи алоқа танҳо ба интиқоли иттилоот маҳдуд намешавад. Он ба яке аз муҳаррикҳои рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, густариши фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва рушди ҷомеаи рақамӣ мубаддал гардидааст. Бо истифода аз имкониятҳои алоқа шаҳрвандон метавонанд таҳсил намоянд, хизматрасониҳои давлатиро дастрас кунанд, фаъолияти иқтисодиро густариш диҳанд ва бо ҷаҳони муосир ҳамқадам бошанд.
Алоқа – омили таҳкими Ваҳдати миллӣ
Агар аз як тараф Ваҳдати миллӣ барои рушди соҳаи алоқа замина фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар худи соҳаи алоқа низ ба таҳкими ваҳдат ва ҳамбастагии ҷомеа мусоидати назаррас намудааст.
Технологияҳои муосири алоқа масофаҳоро аз миён бардоштанд ва сокинони тамоми минтақаҳои кишварро ба ҳам наздиктар карданд. Имрӯз новобаста аз дурии ҷуғрофӣ шаҳрвандон метавонанд дар як лаҳза бо ҳам дар иртибот бошанд, аз аҳволи ҳамдигар огоҳ гарданд ва дар фазои ягонаи иттилоотӣ фаъолият намоянд. Ин омил ҳисси ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа тақвият бахшидааст.
Ҳамзамон шабакаҳои иттилоотӣ ва рақамӣ ба воситаи муҳими тарғиби ғояҳои Ваҳдати миллӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ табдил ёфтаанд. Тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ арзишҳои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, дастовардҳои истиқлолият ва сиёсати созандаи давлат ба таври васеъ таблиғ мегарданд. Ин раванд барои баланд гардидани маърифати шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аҳамияти калон дорад.
Бо рушди интернет фазои омӯзиш, маърифат ва парвариши насли ҷавон низ густариш ёфт. Имрӯз ҳазорҳо маводи таълимӣ, китобҳои электронӣ, барномаҳои омӯзишӣ ва захираҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ дастрас гардидаанд. Дар баробари ин, сол аз сол контенти тоҷикии интернет ғанӣ гардида, барои ҳифз ва рушди забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва мероси таърихии миллат хизмат мекунад.
Рушди алоқа инчунин боиси он гардид, ки сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар аз зиндагӣ, дастовардҳо ва иқдомҳои якдигар бештар огоҳ бошанд. Инъикоси пешрафтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳру ноҳияҳо ҳисси ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандонро тақвият бахшидааст. Имрӯз ҳар як дастоварди Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун тавассути шабакаҳои муосири иттилоотӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ муаррифӣ мешавад.
Соҳаи алоқа дар муаррифии симои мусбати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ низ нақши муҳим дорад. Тавассути шабакаҳои интернетӣ, расонаҳои рақамӣ ва платформаҳои байналмилалӣ ҷаҳониён бо дастовардҳои Тоҷикистон, сиёсати сулҳпарваронаи кишвар, имкониятҳои сайёҳӣ, фарҳанг, табиат ва иқтидори иқтисодии он шинос мегарданд. Ин раванд нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам тақвият мебахшад.
Яке аз самтҳои муҳими рушди алоқа таҳкими робита бо тоҷикони бурунмарзӣ мебошад. Имрӯз миллионҳо тоҷикони муқими хориҷ тавассути воситаҳои муосири алоқа бо Ватан иртиботи доимӣ доранд, аз хабарҳои кишвар огоҳ мешаванд ва дар чорабиниҳои миллӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ба ин васила Тоҷикистон воқеан ба хонаи маънавии тоҷикони ҷаҳон табдил ёфта, робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ миёни ҳамватанони дохил ва хориҷи кишвар боз ҳам мустаҳкам гардидааст.
Ҳамчунин шабакаҳои иттилоотӣ дар муаррифии фарҳанги миллӣ ва эҳёи расму ойинҳои ниёгон саҳми арзанда доранд. Ҷашнҳои миллӣ, мероси фарҳангӣ, суннатҳои мардумӣ ва дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон имрӯз тавассути фазои рақамӣ ба доираи васеи порсизабонон ва ориёитаборони ҷаҳон расонида мешаванд. Ин иқдомҳо аз ҷониби ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон бо истиқболи гарму самимӣ пазируфта шуда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо ҷаҳони форсизабон мусоидат менамоянд.
Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаи алоқа ду равандест, ки ҳамдигарро тақвият мебахшанд. Сулҳу субот имконият фароҳам овард, ки соҳаи алоқа ба сатҳи нав баромада, ба яке аз рукнҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи муосир табдил ёбад. Дар навбати худ, пешрафти соҳаи алоқа ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, густариши фазои ягонаи иттилоотӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои тоҷикони ҷаҳон мусоидати арзанда намуд.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки неъмати бузурги Ваҳдати миллиро ҳамчун асоси пешрафти давлат ҳифз намуда, бо истифодаи оқилона аз имкониятҳои соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ дар рушди Ватани азиз ва таҳкими ягонагии миллат саҳми арзандаи худро гузорад.
Маҷаллаи “Алоқа”