Вохӯрии сардори Хадамоти алоқа бо намояндагони SpaceX
Вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Исфандиёри Саъдулло бо Директори ширкати SpaceX оид ба дастрасӣ ба бозор – Ребекка Хантер баргузор гардид.
Дар доираи вохӯрӣ, ки дар фазои кушода ва дустона доир гардид, ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба роҳ мондани фаъолияти интернети моҳвораии Starlink дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Starlink – низоми интернети фарохмаҷро тавассути моҳвораҳои мадори паст (LEO) мебошад ва аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ҷонибҳо баррасӣ карданд, таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберӣ ҳангоми истифодаи технологияи мазкур буд.
Бояд қайд кард, ки барои дастрас намудани интернет дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст истифода аз Starlink табодули назар сурат гирифт.