Вохӯрии Сардори Хадамоти алоқа ва ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ
13-уми майи соли 2025 вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ доир ба лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии Чарлз Херпи баргузор гардид.
Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ, ки бевосита яке аз шарикони асосии рушди кишвар маҳсуб меёбад, аҳамияти хоса медиҳад.
Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи самараноки ҷузъҳои лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» ва иҷрои тадбирҳои Матритсаи чорабиниҳои лоиҳаи «Тоҷикистони рақобатпазир, фарогир ва устувор» (DPO) баррасӣ карда шуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини назорати доимии иҷрои лоиҳаҳои қайдгардида ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба муколамаи мунтазамро идома медиҳанд.

