Вохӯрии Сардори Хадамоти алоқа ва ҳайати UNICEF

Навид Хабарҳои Хадамот

Вохӯрии Сардори Хадамоти алоқа ва ҳайати UNICEF

23-юми октябри соли 2025 вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) таҳти роҳбарии ҳаммуассис ва ҳамраиси ташаббуси «GIGA»Кристофер Фабиан баргузор гардид.

GIGA – ин ташаббуси муштараки UNICEF ва Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия (ITU) ҷиҳати пайваст кардани ҳар мактаби ҷаҳон ба интернет буда, то имрӯз бомуваффақият харитаи ҷойгиршавии мактабҳоро дар 142 кишвари ҷаҳон таҳия намудааст.

Бояд қайд кард, ки бо назардошти эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», ташаббуси мазкур метавонад нақши муҳим дар пешбурди ин ҳадафҳо иҷро намояд.

Дар робита ба ин ҷонибҳо ҳангоми вохӯрӣ бо мақсадимусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ ва пайвасти ҳар як мактаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интернет масъалаи татбиқиамалии ташаббуси «GIGA»-ро дар кишвар мавриди баррасӣқарор дода, ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати амилӣ гардонидани ташаббуси мазкур муколамаи мунтазамро идома медиҳанд.