Вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Навид Хабарҳои Хадамот

Вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз дар доираи Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Саттар Ҳашемӣ баргузор гардид.

Исфандиёри Саъдулло қайд кард, ки мулоқоту вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён зимни сафари давлатӣ, ки 15-17 январи соли 2025 баргузор гардид, барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо такони ҷиддӣ дод.

Ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роуминги байналмилалӣ, воридоти трафики интернет аз Эрон,  мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти киберӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавиро муҳокима намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда иброз намуданд.