Рӯзи 17 июл вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати баргузор гардид.

Сардори Хадамоти алоқа таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати узви СММ ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба, бахусус бо ниҳодҳои махсусгардонидашудаи он, аз ҷумла Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) ва Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта (UPU), аҳамияти махсус медиҳад.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ташаббусҳои муҳими байналмилалиро пешбарӣ намуда, ба таҳкими ҳамкории созанда бо СММ содиқ боқӣ мемонад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи самараноки Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, пешбурди ташаббуси UN80 «Expertise-on-Demand», барномаи «Early Warnings for All» ва лоиҳаи GIGA, инчунин дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкории муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, бахусус бо Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) ва Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта (UPU), дар самтҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди устувор тавассути татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак, иброз намуданд.