Волейбол дар ВМКБ аз ҷиҳати тиҷоратӣ дастгирӣ ёфт

Навид

Волейбол дар ВМКБ аз ҷиҳати тиҷоратӣ дастгирӣ ёфт

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва Федератсияи волейболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир-Инвест 2025” оғози шарикиро, ки ба дастгирии ташаббусҳои варзишӣ дар минтақа нигаронида шудааст, эълон карданд.

Ҷонибҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла оид ба дастгирии дастаҳои занона ва мардона оид ба волейбол ва расонидани кӯмак ба варзишгарони боистеъдод ба мувофиқа расиданд. Ҳуҷҷатро директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников ва раиси Федератсияи волейболи ВМКБ Алишер Мирзонабот Худобердӣ ба имзо расониданд.

“Дастгирии ташаббусҳои варзишӣ дар минтақаҳои кишвар – ҷузъи муҳими рисолати иҷтимоии мо ба ҳисоб меравад. Мо аз оғози ҳамкорӣ бо Федератсияи волейболи ВМКБ хушҳол буда, итминон дорем, ки кори муштарак баҳри рушди варзиши оммавӣ, илҳом бахшидани насли ҷавон ва таҳкими тарзи ҳаёти солим кӯмак мерасонад”, – қайд кард Анатолий Изюмников.

Оператор барои рушди дигар намудҳои варзиш низ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Аз ҷумла, бо ташаббуси ширкат чунин чорабиниҳое бузурге, аз қабили мусобиқаи кӯдаконаи “МегаФон Life дар сабки футбол”, ки ҳазорҳо иштирокчиён ва мухлисонро дар саросари кишвар ба ҳам гирд овард, баргузор мегарданд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқа дар ВМКБ рӯзҳои 20 июл доир гардиданд. Соли дуюм аст, ки ҳамкории оператор бо Федератсияи футболи Тоҷикистон идома дорад. Яке аз лоиҳаҳои ҷолиби муштарак бо ФФТ фестивали “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо дар Душанбе” гардид. Инчунин тӯли чанд сол МегаФон Тоҷикистон варзиши кибернетикиро дастгирӣ мекард.