Вусъати корҳои таъмирӣ дар “Почтаи Тоҷикистон”

Навид Хабарҳои Хадамот

Вусъати корҳои таъмирӣ дар “Почтаи Тоҷикистон”

Шароити мусоиди корӣ аз омилҳои асосии пешрафти кор дар тамоми соҳаҳои фаъолият ба ҳисоб меравад.

Дар заминаи дастури роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои беҳтар намудани фазои корӣ дар КВД “Почтаи Тоҷикистон” тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Аз ҷумла то имрӯз шуъбаҳои қабули молу маҳсулот, мактубҳо ва муроҷиати шаҳрвандон, инчунин утоқҳои кории роҳбарияту намои берунаи бинои Корхона алакай таъмир шуданд.

Тавре Директори генералии КВД “Почтаи Тоҷикистон” Мирзозода Сайдали иттилоъ дод, зина ба зина тамоми ҳуҷраҳо ва толорҳои нигоҳдории муваққатии молу маҳсулот аз таъмири капиталӣ бароварда мешаванд. Бо фароҳам омадани шароити мусоиди корӣ фаъолияти Корхона ҷоннок гардида сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷ низ баланд гардидааст.

Боиси қайд аст, ки КВД “Почтаи Тоҷикистон” хизматрасониҳои гуногуни муросилотиро ба тамоми қаламравӣ ҷумҳурию 192 давлати дунё фаврӣ ва боэътимод анҷом медиҳад.