Як қадам пештар
Дар соҳаи телеком муваффақият на фақат бо технологияҳои пешрафта, балки инчунин бо дастаи боистеъдоди қодир ба амалисозии идеяҳои ҷиддӣ муайян мешавад. Дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳар як нафар имкон дорад, ки қобилиятҳои худро дар лоиҳаҳои беҳтарин нишон диҳад. Дар ин ҷода доир ба се IT-мутахассисе маълумот медиҳем, ки ба шарофати хислатҳои махусуси шахсӣ ва тафаккури даставиашон худро ҳамчун кашшофони муваффақ муаррифӣ кардаанд. Маҳз бо чунин кормандони худ оператор мавқеи пешсафи худро нигоҳ медорад.
Сайёд Ҷабборов: аз мушкилӣ тарс надорем!
Барои роҳбари шуъбаи воридкунии тағйирот ба бизнес-системаҳо Сайёд Ҷабборов ва командаи ӯ вазифа ҳар қадаре душвор бошад – кор ҳамон қадар ҷолибтар аст. Сайёд роҳбарии шуъбаро маҳз ҳамон вақте ба зимма гирифт, ки таҳиякунӣ ва роҳандозии намунаи нисбатан мукаммали замимаи мобилии “МегаФон Life” дар кӯтоҳтарин муҳлат зарур меомад. Дар соҳаи телекоми тоҷик ҳоло ҳеҷ кас Super App-ро бо чунин миқдор функсияҳо бо нерӯи худ таҳия накарда буд. Дар ин ҳолат бошад – ҳам мақсад бузург аст, ҳам роҳбар – нав… Лекин Сайёд тавонист, ки кормандони худро муттаҳид сохта, ин лоиҳаи боқмиқёсро амалӣ гардонад. Ҳамин тавр, ба шарофати кори мураттаби командаҳои якчанд зерсохтори ширкат, аз ҷумла хадамоти системаи иттилоотӣ-биллингӣ (СИБ) муштариён суперзамимаи худро дастрас карданд.
Боз як сабаби дигар барои ифтихор – кӯмаки кураторӣ ба командаи khorog.tech дар озмуни Digital Future Cup. Он замон ба донишҷӯёни беҳтарин мактабҳои олии техникӣ пешниҳод карда шуд, ки тимсоли хизматрасониҳои рақамии давлатиро таҳия намоянд. Таҳти сарпарастии Сайёд ҷавонон лоиҳаи “Корти электронии тиббӣ”-ро таҳия карданд. Он на танҳо дар озмун ғолиб омад, балки инчунин ба топ-100 Google Solution Challenge 2023 ворид шуд.
Командаи Сайёд инчунин ба ҷоришавии тарофаи “Биё! Бисоз Life” низ рабт дорад. Натиҷа – боз ҳамон коре, ки ҳоло касе дар соҳаи телекоми тоҷик накарда буд: тарофа-конструктор, ки дар доираи он метавон миқдори зарурии дақиқаҳо, мегабайтҳо ва SMS-ро бо хости худ интихоб намуд. Аллакай ду сол мешавад, ки шабеҳи он дар бозор мавҷуд нест ва он як навъ маҳсули флагмании ширкати “МегаФон Тоҷикистон” боқӣ мемонад.
Маъруфҷон Собирҷонов: ба иштиёқмандон боварӣ дошта бошед!
Дар раванди ҷорисозии “МегаФон Life”-и навшуда роҳбари backend-таҳия Маъруфҷон Собирҷонов ҳам иштирок карда буд. Он вақт номбурда он қадар таҷрибаи зиёди кор дар чунин лоиҳаҳоро надошт. Лекин роҳбарияти ширкат хоҳиши ӯро ҷиҳати баромадан аз доираи роҳат ва анҷом додани ягон кори нав ва ғайриоддӣ дида, ба ӯ ин имкониятро фароҳам овард.
Маъруфҷон пурра ба ин боварӣ сазовор шуд. Ба командаи хурде, ки танҳо ба backend-таҳия ҷавобгар буд, муяссар шуд, ки як сохтори устувор, қулай идорашаванда ва бомиқёсро ташкил намояд. Соддатар гӯем, суперапп барои истифодабарандагон боз ҳам қулайтару фаҳмотар шуд. Хизматрасониҳои рақамӣ бошанд, барои муштариёне, ки вазифаҳои рӯзмарраи худро бо ёрии смартфонҳо ҳал мекунанд, боз ҳам қулайтар шуданд. Маҳз ҳамин гуна натиҷаҳо ба Маъруфҷон хурсандии бештар меоранд.
Аъзамҷон Ҷонов: барои натиҷа ҷавобгарам!
Аъзамҷон Ҷонов, роҳбари самти инфрасохтори IT, платформаҳои сервисӣ ва роуминг ба МегаФон Тоҷикистон ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ – барои гузаштан аз таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ омада буд. Солҳои аввали корӣ барои ӯ солҳои омӯзиши шиддатнок буданд, зеро оид ба бисёри системаҳои техникие, ки дар соҳаи телеком истифода бурда мешаванд, дар мактабҳои олӣ маълумот намедиҳанд. Лоиҳаҳо, дар навбати худ, ҷиддӣ буданд. Масалан, Аъзамҷон дар рафти ивази коммутатор дар Душанбе иштирок карда, сипас аллакай худ раванди ба кор даровардани коммутатори навро дар Бохтар роҳбарӣ карда буд, ки ин сатҳи хеле баланди масъулият ба шумор меравад. Танҳо тасаввур метавон кард, ки мавсуф тӯли солҳои ангуштшумор то чӣ андоза таҷрибаи бузург андухт!
Аллакай даҳ сол мешавад, ки Аъзамҷон дар раванди роҳандозии хизматрасониҳои иловагӣ иштирок мекунад. Масалан, ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” муошират дар роуминг қулайтару муфидтар шудааст. Ин ба шарофати командаи Аъзамҷон Ҷонов муяссар шудааст. Тӯли солҳои охир таҳти роҳбарии номбурда зиёда аз даҳ платформаҳои муҳим ба кор дароварда шуданд.
Аъзои як команда
Чӣ тавр ба IT-мутахассисони ширкат муяссар шуд, ки аз сатҳи кормандони навомӯз то сатҳи кормандони роҳбарикунанда инкишоф ёфта, иштирокчии лоиҳаҳои нодир шаванд? Албатта, дилхоҳ натиҷаи барҷаста – ин натиҷаи кори пурсамари командавист. Лекин агар ҳар як корманд дар ҷустуҷӯи бепоёни идеяҳои нав ва ташнаи гирифтани донишҳои навин набошад, дар амал татбиқ кардани идеяҳои пешрафта ниҳоят душвор мешавад. Аз ҳама муҳим, дар бораи қаҳрамонони очерки мо метавон гуфт, ки онҳо “аъзои як команда” буда, доимо омода ҳастанд, ки ба ҳамкорони худ кӯмак намуда, ҳамроҳи онҳо роҳҳои ҳалли ғайристандартиро ҷустуҷӯ кунанд. Онҳое, ки дар орзуи воридшавӣ ба коллективи ширкат ҳастанд ва мехоҳанд, ки дар сафи пеши инноватсияҳои соҳаи телеком қарор дошта бошанд, бояд маҳз чунин хусусиятҳоро доро бошанд.
Роҳ ба сӯи командаи “МегаФон Тоҷикистон” аз ин ҷой оғоз меёбад: https://jobmf.tj/. Бипайвандед!