ZET-MOBILE иқдоми хайриявиро дар ноҳияи Рашт амалӣ намуд

Навид

ZET-MOBILE иқдоми хайриявиро дар ноҳияи Рашт амалӣ намуд

Ширкати ZET-MOBILE ҳамеша талош меварзад, ки фаъолияти иҷтимоии худро дар баробари рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ густариш диҳад.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳандози намудани чораҳои амалӣ ҷиҳати рафъи оқибати офатҳои табиие, ки дар мавсими баҳорӣ дар ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод рух доданд ва тақвият бахшидан ба амалҳои хайру эҳсонкорӣ, дасттирии оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд, ятимону бепарасторон, ZET-MOBILE иқдоми хайриявӣ амалӣ намуд.

Барои кӯдакони ятим як ҷашни хотирмон ташкил гардид. Барномаи фарҳангӣ, дастурхони идона ва муҳити гарм боис шуд, ки кӯдакон рӯзи фаромӯшнашаванда дошта бошанд. Қисми муҳимтарини чорабинӣ тақдими тӯҳфа — либоси мактабӣ барои ҳар як кӯдаки ятим буд, ки ба онҳо нерӯ ва рӯҳбаландӣ бахшид.

Илова бар ин, 100 хонандаи синфҳои ибтидоӣ бо ҷуздонҳои нав ва тамоми лавозимоти зарурии таълимӣ таъмин гардиданд. Барои кӯдакон чунин туҳфаҳо на танҳо ашёҳои зарурӣ, балки рамзи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҷомеа ба ояндаи онҳо ба ҳисоб мераванд.

Барои ZET-MOBILE ин иқдом рамзи эътимод ба он аст, ки ҳар кӯдак бояд бо дилгармӣ ва умед ба мактаб қадам гузорад.