ZET-MOBILE: Интернети баландсуръат акнун дар маҳаллаи 33-юм. Беҳбудии алоқа дар кӯчаи Ҷаббор Расулов
Сокинони кӯчаи Ҷаббор Расулов 67/7 ба навоварӣ дар суръати интернет омода бошед! ZET-MOBILE, оператори пешбари алоқаи мобилии Тоҷикистон, дар бораи беҳбудии назарраси сифати интернети мобилӣ дар ин минтақа эълон менамояд.
Ба истгоҳи базавии мавҷудаи намуди ТИД (такягоҳи истифодаи дучанда) бомуваффақият стандарти дигари 4G илова карда шуд. Ва ин маънои – боргирии зуд, интиқоли фаврӣ ва пайвасти устуворро дорад. Акнун боргирӣ зуд, тамошои наворҳо бо сифати баланд, бозиҳои онлайнӣ ва конфронсҳои видеоӣ хеле тезтар ва бароҳаттар хоҳанд шуд. Афзоиши иқтидори шабака имкон медиҳад, ки ҳамзамон шумораи бештари корбарон хидматрасонӣ шаванд.
Ба шарофати ин навсозӣ, сокинони кӯчаи Ҷаббор Расулов, 67/7 ба сифати беҳтари алоқа, суръати баландтари интернет ва фарогирии васеътари шабакаи 4G дастрасӣ пайдо хоҳанд кард. Ин на танҳо навсозӣ аст, балки як қадам ба сӯи эҷоди ояндаи бароҳаттар ва технологӣ барои тамоми минтақа мебошад.
ZET-MOBILE навсозии шабакаи худро идома дода, мекӯшад, ки муштариёни худро бо интернети мобилии муосиртарин ва баландсифат таъмин намояд. ZET-MOBILE – Алоқаи насли нав.