ZET-MOBILE сифати алоқаро дар маҳаллаи 46-уми Душанбе беҳтар кард
5-уми майи соли ҷорӣ ширкати мобилии ZET-MOBILE дар маҳаллаи 46-уми Душанбе такягоҳи истифодаи дучандаро (ТИД) насб намуд. Акнун муштариён метавонанд аз интернети мобилии боз ҳам тезтару устувор баҳра баранд.
ТИД чист ва чӣ гуна ин роҳи инноватсионӣ сифати алоқаро барои муштариёни ширкат беҳтар мекунад? Дар маводи мо хонед.
Такягоҳи истифодаи дучанда – як сохтори муҳандисии муосир буда, вазифаҳои пойгоҳи алоқаро бо элементҳои инфрасохтори шаҳрӣ муттаҳид мекунад. ТИД
метавонад сутуни равшанидиҳии кӯча, интиқоли нерӯ, алоқа ва назорати видеоиро дар бар гирад.
Дар муқоиса бо пойгоҳи одии алоқа, ки танҳо барои мақсадҳои телекоммуникатсионӣ истифода мешавад, ТИД якбора чанд масъаларо ҳал менамояд: сифати алоқаро беҳтар мекунад ва ҳамзамон симои шаҳрро зеботар месозад.
Масалан, пойгоҳи насбшудаи ZET-MOBILE дар маҳаллаи 46-ум хизматрасонии интернети мобилии стандарти 4G-ро таъмин мекунад ва барои беҳтарсозии сифат ва устувории алоқаи мобилӣ дар ин минтақа пешбинӣ шудааст.
«Барои мо на танҳо пешниҳоди хизматрасониҳои босифати телекоммуникатсионӣ, балки сашмгузорӣ ба рушди инфрасохтори шаҳр низ муҳим аст. Насби такягоҳи истифодаи дучанда дар маҳаллаи 46-ум – қадаме дар роҳи шаҳри ҳушманд ва устувор мебошад. Мо татбиқи қарорҳои
муосирро идома медиҳем, то ҳаёти муштариёни худро осонтар ва бехатар гардонем», — мегӯяд Бахтиёр Ҳамидов, директори генералии ZET-MOBILE.