ҒАЛАБАИ ДАСТАИ «ВАВИЛОН» ДАР МУСОБИҚА БАРОИ ҶОМИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

Навид

ҒАЛАБАИ ДАСТАИ «ВАВИЛОН» ДАР МУСОБИҚА БАРОИ ҶОМИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

24 феврали соли 2025 дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и назди ВКД ҶТ мусобиқаи мини-футбол миёни собиқадорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ ва ширкатҳои хусусӣ ҷамъбаст шуд.

Дар давраи финалӣ, ки хеле пуршиддат гузашт, дастаи «Вавилон» бо дастаи пурқуввати «Динамо» қувваозмоӣ кард. Нимаи аввали бозӣ осон набуд: «Динамо» бо ҳисоби 2:0 пешсаф буд, аммо иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири футзалистони дастаи «Вавилон» марҳилаи нави бозиро ба куллӣ тағйир дод. Дастаи «Вавилон» ташаббусро ба даст гирифт ва 4 голи ҷавобӣ зад! Ҳисоби ниҳоӣ — 4:3 ба фоидаи «Вавилон» анҷом ёфт.

Маросими ҷоизасупорӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа Хуршед Маҳмудов «Беҳтарин бозигар» эътироф шуд. Дар номинатсияии «Беҳтарин дарвозабон» бошад, миёни дӯстдорони футбол Фирӯз Бозоров ғолиб дониста шуд.

Дастаи «Вавилон» -ро бо ин ғалабаи сазовор табрик мегӯем! Ба пеш — ба сӯйи муваффақиятҳо ва ғалабаҳои нав!