Иштирок ва  суханронии Сардори Хадамоти алоқа дар ПМЭФ-2026

Иштирок ва  суханронии Сардори Хадамоти алоқа дар ПМЭФ-2026 Имрӯз, дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ-2026), ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Ояндаи рақамӣ: самтҳои муштараки рушд, чолишҳо ва роҳҳои ҳал» баргузор гардид, ки дар он Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати […]

Starlink: имконияти нав барои густариши дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон

Starlink: имконияти нав барои густариши дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон Дар Тоҷикистон истифодаи расмии хадамоти интернетимоҳворавии Starlink барои шаҳрвандон ва ташкилотҳо дастрас гардид. Ин технология имконият медиҳад, ки сокинони минтақаҳои дурдаст, деҳаҳои кӯҳистон, чарогоҳҳо ва дигар маҳалҳое, ки дастрасӣ ба интернети босуръати симӣ ё мобилӣ маҳдуд аст, аз шабакаи ҷаҳонииинтернет истифода баранд. Starlink шабакаи интернетии […]

Хадамоти алоқа ғолибони озмуни «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе»-ро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд

Хадамоти алоқа ғолибони озмуни «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе»-ро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд Санаи 2 июн дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони Озмуни шаҳрии «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва бахшида ба ҷашни 35-солагии […]

SoftBank сармоягузории то €75 млрд-ро ба инфрасохтори зеҳни сунъӣ баррасӣ мекунад

SoftBank ният дорад то €75 млрд ба рушди зеҳни сунъӣ ва марказҳои додаҳо сармоягузорӣ намояд Рушди босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) ва хизматрасониҳои абрӣ боиси афзоиши бесобиқаи талабот ба иқтидорҳои ҳисоббарорӣ дар саросари ҷаҳон гардидааст. Дар ин замина, гурӯҳи ҷопонии SoftBank имкони сармоягузории то 75 миллиард евро ба рушди инфрасохтори зеҳни сунъӣ ва марказҳои додаҳоро […]

Ширкатҳои  тавлидгари зеҳни сунъӣ барои 1 триллион доллар рақобат мекунанд

Ширкатҳои  тавлидгари зеҳни сунъӣ барои 1 триллион доллар рақобат мекунанд Ширкати амрикоии Anthropic, таҳиягари модели зеҳни сунъии Claude, расман барои гузаронидани IPO (фурӯши аввалияи оммавии саҳмияҳо) дар Иёлоти Муттаҳида ҳуҷҷат пешниҳод кард. Бо арзиши бозории 965 миллиард доллар, дороии ширкат ба марзи таърихии 1 триллион доллар наздик шуда, метавонад аввалин ширкати соҳаи AI (зеҳни сунъӣ) […]

Гузариш ба шабакаҳои автономӣ

Гузариш ба шабакаҳои автономӣ Соҳаи телекоммуникатсия ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад, ки дар он шабакаҳо тадриҷан ба системаҳои автономӣ табдил меёбанд. Шабакаҳои автономӣ (Autonomous Networks ё Self-Driving Networks) метавонанд бо истифода аз зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ ва таҳлили маълумот бисёре аз вазифаҳоро бе дахолати инсон иҷро намоянд. Дар шабакаҳои анъанавӣ идоракунӣ, мониторинг ва бартарафсозии […]

Афзоиши кибертаҳдидҳо дар шабакаҳои телеком

Афзоиши кибертаҳдидҳо дар шабакаҳои телеком Бо рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва афзоиши ҳаҷми маълумот, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ҳарчи бештар ба ҳадафи ҳамлаҳои киберӣ табдил меёбанд. Имрӯз операторони алоқа на танҳо хизматрасониҳои овозӣ ва интернетиро таъмин мекунанд, балки қисми муҳими инфрасохтори рақамии кишварҳо ба ҳисоб мераванд. Тибқи маълумоти Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба амнияти киберӣ (ENISA), соҳаи […]

Рушди соҳибихтиёрии рақамӣ

Рушди соҳибихтиёрии рақамӣ Дар солҳои охир масъалаи соҳибихтиёрии рақамӣ (Digital Sovereignty) ба яке аз самтҳои асосии сиёсати рақамии кишварҳо табдил ёфтааст. Ин мафҳум қобилияти давлатҳоро барои назорат, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумот, инчунин идоракунии инфрасохтори рақамӣ дар доираи қонунгузории миллӣ дар бар мегирад. Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Чин, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо тадбирҳоро барои тақвияти назорат бар […]

8 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

28 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии қарорҳои зимни маҷлис қабулшуда дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Ба Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва омодагии […]

Ҳамкориҳо дар соҳаи алоқа, иқтисоди рақамӣ ва амнияти киберӣ дар меҳвари мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо ҳайати Русия

Ҳамкориҳо дар соҳаи алоқа, иқтисоди рақамӣ ва амнияти киберӣ дар меҳвари мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо ҳайати Русия 26 май Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо ҳайати Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Элдар Гайфутдинов — муовини сардори Раёсати маъмурияти Президенти Федератсияи Русия оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мулоқот анҷом дод. Зимни […]