Хадамоти алоқа ғолибони озмуни «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе»-ро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд

Навид Хабарҳои Хадамот

Хадамоти алоқа ғолибони озмуни «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе»-ро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд

Санаи 2 июн дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони Озмуни шаҳрии «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, ба қадрдонии кӯдакону наврасони соҳибистеъдод ва фаъол равона гардид.

Бояд зикр намуд, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 май то 1 июни соли 2026 Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт бо баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, илмиву зеҳнӣ ва маърифатӣ таҷлил гардид. Дар ин замина, Озмуни шаҳрии «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе» яке аз ташаббусҳои муҳими ҳавасмандгардонии наврасони фаъол ва соҳибдастовард ба шумор меравад.

Озмуни мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе» аз моҳи январ то 15 майи соли ҷорӣ байни 100 нафар кӯдакону наврасони муваффақ, ки дар самтҳои гуногуни илм, маориф, фарҳанг, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятӣ дастовардҳои назаррас доштанд, баргузор гардид. Дар натиҷаи овоздиҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ 35 нафар навраси беҳтарин ҳамчун ғолибони озмун муайян шуда, дар фазои идона соҳиби ҷоиза гардиданд.

Хадамоти алоқа ба сифати шарики фаъоли чорабинӣ дар ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони соҳибистеъдод саҳми назаррас гузошта, барои ғолибони озмун туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд. Зикр гардид, ки дастгирии насли наврас, рушди қобилиятҳои эҷодиву зеҳнӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдодҳо яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Маҳз тавассути чунин иқдомҳо Хадамоти алоқа дар баробари иҷрои вазифаҳои асосии худ дар самти рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва дастгирии ҷавонону наврасони соҳибистеъдод саҳм мегузорад. Ҳавасмандгардонии ғолибони озмун нишонаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди сармояи инсонӣ ва тарбияи насли ояндасози кишвар арзёбӣ мебошад.

Дар доираи чорабинӣ инчунин барои ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда дар баргузории чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба як қатор масъулин сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тақдим карда шуданд. Аз ҷумла, Бобозода Асомиддин Ҳасан, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин, Ҳурматзода Акбар Ҳурмат, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе, барои фаъолияти пурсамару эҷодкорона, татбиқи ғояҳои нав ва ташаббусҳои муассир ҷиҳати дарёфт ва ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони соҳибистеъдод қадрдонӣ гардид.

Зимни анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои рушди онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ниҳодҳои соҳавӣ, аз ҷумла Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин раванд нақши муҳим мебозад.