Иштирок ва суханронии Сардори Хадамоти алоқа дар ПМЭФ-2026
Имрӯз, дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ-2026), ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Ояндаи рақамӣ: самтҳои муштараки рушд, чолишҳо ва роҳҳои ҳал» баргузор гардид, ки дар он Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ, тавсеаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, татбиқи технологияҳои навин, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Таъкид гардид, ки дар шароити рақамикунонии босуръати иқтисод ва ҷомеа, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, таъмини дастрасӣ ба интернети босифат ва ташаккули инфрасохтори муосири алоқа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Дар ҷаласа инчунин вазири алоқа ва информатикунонии Ҷумҳурии Беларус, вазири алоқаи Туркманистон, вазири рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияҳои оммавии Федератсияи Русия, вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ноиби вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон ва раиси Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи алоқаи назди Вазорати рушди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба соҳибихтиёрии технологӣ, ташкили инфрасохтори ягонаи рақамӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати танзими муҳити рақамӣ ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатиро баррасӣ карданд.
Таъкид шуд, ки таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва мубодилаи таҷриба барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди кишварҳои минтақа ва ташаккули фазои ягонаи рақамӣ аҳаммияти муҳим дорад.