
Ҳамкориҳо дар соҳаи алоқа, иқтисоди рақамӣ ва амнияти киберӣ дар меҳвари мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо ҳайати Русия
26 май Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо ҳайати Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Элдар Гайфутдинов — муовини сардори Раёсати маъмурияти Президенти Федератсияи Русия оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, амнияти киберӣ, мубориза бо қаллобии телекоммуникатсионӣ ва рушди технологияҳои зеҳни сунъиро мавриди баррасӣ қарор доданд.