Савдои одамон: ғуломӣ дар асри 21

Навид

Савдои одамон: ғуломӣ дар асри 21

Дар даҳ соли ахир шумораи мардон дар миёни қурбониёни савдои одамон афзоиш ёфта, ҳиссаи истисмори корӣ низ боло рафтааст. Аммо занҳо ва истисмори шаҳвонӣ ҳамоно ҳадафи рақами яки ҷинояткорон боқӣ мондааст. Чунин аст хулосаи гузориши саросарии савдои одамон-2016, ки Дафтари СММ доир ба мухаддирот ва ҷиноёт нашр кард.

Бино бар тахминҳои коршиносонаи Созмони Ҷаҳонии Кор (СҶК), дар 15 соли ахир бештар аз 21 миллион нафар қурбонии савдои одамон гардидаанд. Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико мегӯяд, ҳар сол беш аз ним миллион нафар ба ин шумора меафзояд. Пажӯҳиши Дафтари СММ доир ба мухаддирот ва ҷиноёт дар Аврупои Ҷанубӣ ва Ғарбӣ танҳо дар солҳои 2012-2014 шаҳрвандони 137 кишварро дар миёни қурбониёни садвои одамон дарёфт кардааст. Созмони Милал ҳанӯз даҳ соли қабл гуфта буд, савдои одамон пас аз тиҷорати маводи мухаддир ва аслиҳа савумин тиҷорати ғайриқонунии серманфиат дар ҷаҳон маҳсуб мегардад, ки солона барои гуруҳҳои ҷинояткор то бештар аз 32 миллиард доллар фоида меорад. Ҷангу низоъҳои мусаллаҳона ва вазъи ногувори иқтисодӣ вазъро дар ин даҳ сол бадтар кардаанду, беҳтар не. Ҳеҷ кишваре аз ин бало эмин нест.

Савдои одамон чист?

Ба савдои одамон таваҷҷуҳи кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ дар оғози асри 21 ҷиддитар гардид. Дар соли 2000 Маҷмаъи кулли СММ Протоколи ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва мубориза бо онро қабул кард, ки ба номи Протоколи Палермо ва ё Протоколи савдои одамон маъруф аст. То анҷоми соли 2016 шумораи кишварҳое, ки ин санади муҳимми СММ-ро эътироф карда буданд, ба 170 расида буд. Тоҷикистон низ ҳанӯз дар соли 2002 ба ин шумор пайваста буд.

Ин санад чӣ будани мафҳуми “савдои одамон” ва кӣ будани “қурбонии савдои одамон”-ро муайян месозад. Тибқи он савдои одамон амалҳои зерро фаро мегирад: Ҷалб кардан, интиқол додан, супоридан, пинҳон кардан ва ё қабул кардани одамон бо ҳадафи истисмор ба воситаи таҳдиди ҷисмонӣ ва ё зӯроварӣ ва дигар намудҳои маҷбурсозӣ, дуздӣ, фиребгарӣ, сӯиистифода аз мансаб, ва ё сӯиистифода аз ҳолати осебпазирӣ, ё бо роҳи харидорӣ бо пешниҳоди маблағ ё хидматрасониҳо ба нафаре, ки одами дигареро наззора ва идора мекунад.

Истисмор чист? Водор кардани нафаре ба танфурӯшӣ ва дигар намудҳои истисмори шаҳвонӣ, ба кор ва ё хидматрасонии иҷборӣ, ба ғуломӣ ва иҷрои анъанаҳое ки ба ғуломӣ монанд аст, нигаҳдории нафаре дар вазъи ноозод, ва берун овардани аъзои бадани нафаре истисмор мебошад.

Вазъи феълӣ чӣ гуна аст?

Дафтари СММ доир ба мухаддирот ва ҷиноёт, ки дар низоми Созмони Милал масъули протоколҳои Палермост, дар анҷоми соли 2016 Гузориши саросарии савдои одамон-2016-ро ба нашр расонид. Гузориш дорои маълумоти муфид ва кӯтоҳ доир ба вазъи савдои одамон дар ҷаҳон буда, бо инфографикаҳо оморро баръало инъикос кардааст.

Бино бар ин гузориш, ҳарчанд, бонувон ҳанӯзам ҳадафи рақами яки ҷинояткорон буда, барои истисмори шаҳвонӣ хариду фурӯш мешаванд, шумораи кӯдакон ва мардон низ дар миёни қурбониёни савдои одамон дар даҳ соли ахир афзоиш ёфтааст. Дар ҷамъ, ин ду гуруҳ қариб нисфи қурбониёни савдои одамонро дар соли 2014 ташкил додаанд. Дар миёни минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, мардҳо аз ҳама бештар дар минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гирифтори доми ҷинояткорони савдои одамон мегардидаанд. Ин рақами боло ба муҳоҷирати зиёди мардон аз ин кишварҳо рабт дорад. Тақрибан 40 дарсади қурбониёни савдои одамон дар ҷаҳонро, ки аксарашон мард будаанд, барои корҳои иҷборӣ водор кардаанд. Шуморе баробар ба ин рақам дар дохили худи ватанашон қурбонӣ гардидаанд.

Тағйирот дар рақамҳо, махсусан, омори марбут ба савдои одамон андаруни як кишвар марбут ба дарки дигари мафҳуми “савдои одамон” мебошад. Агар қаблан дар зеҳнҳо нишаста буд, ки савдои одамон, ин яъне фурӯхтани занон дар кишвари бегона аст, ҳоло ниҳодҳои зирабти кишварҳо низ бештар бо хусусиятҳои эътирофшудаи байнулмилалии савдои одамон шинос мегарданд ва медонанд, ки маҷбур ва бепул кор фармудани як мард дар шаҳри худаш низ метавонад савдои одамон бошад.

Агар тақрибан ҳамаи қурбониёни истисмори шаҳвонӣ зан бошанд, аксари қурбониёни берун овардани аъзои бадан мард мебошанд. Мардҳоро боз барои корҳои иҷборӣ низ истифода мебаранд, аммо ин маънои онро надорад, ки занҳоро барои корҳои иҷборӣ кам истифода баранд – ҳиссаи ҷинси латиф, ки панҷаҳои нафисашро ба кори сангин зери бори маҷбурият мезанад, зери 40 дарсад аст. Занони зиёдеро барои хидматгорӣ дар манзилҳои истиқоматӣ истифода мебаранд.

ИНФОГРАФИКАИ НАВЪҲОИ ИСТИСМОР 2 (2 инфографика)

Навиштор барои зери инфографикаҳо:

  • Ҳиссаи қурбониёни савдои одамон аз рӯи ҷинс ва навъи истисмор: а) Навъҳои дигари истисмор б) Берун овардани аъзои бадан   в) Кори иҷборӣ    г) Истисмори шаҳвонӣ
  • Ба кадом аҳдоф қурбониёни савдои одамонро истифода мекунанд? (ба самти соат) Истифодаи тифлон дар ҷангҳо; гадоии иҷборӣ; истисмори шаҳвонӣ; издивоҷи иҷборӣ; фурӯши кӯдакон; берун овардани аъзои бадан; кори иҷборӣ;

Навъҳои дигари истисмор аз ҷумла хариду фурӯш ба хотири издивоҷи маҷбурӣ ва ё водор кардан ба гадоиро дарбар мегирад. Як марди маъюбе аз Тоҷикистон пас аз он ки ҳамсару фарзандонаш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Узбекистон кӯч бастанд, танҳо монд ва дар хонаи пиронсолон ба сар мебурд. Боре зану шавҳари ҷавоне бо ӯ суҳбат карданд ва ба ӯ ваъда доданд, ки ӯро ба кишвари ҳамсоя ба назди оилааш мебаранд. Аммо, ӯро ба Қазоқистон бурданд ва он ҷо маҷбур карданд, ки гадоӣ бикунад. Бо ёрии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, ин мард ҳоло раҳо ёфта, ва дар озодӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад, аммо захмҳои равонии дар кӯчаҳои сарду торики шаҳри бегона дасти гадоӣ дароз карданро магар метавон ба осонӣ фаромӯш кард?

Дар асорату ғуломӣ шуморо кӣ ва чӣ интизор аст?

Дар аксари ҳолат қурбониёни савдои одамон дар муҳити барояшон бегона, кишвари бегона ва ё шаҳри бегона, дар иҳотаи одамоне ҳастанд, ки ба онҳо зулм мекунанд ва хушунат мерасонанд. Аз ин рӯ, ин қурбониён ба осонӣ ба одамон эътимод баста наметавонанд. Онҳо аз пулис ва мақомот меҳаросанд, тарс аз ҷинояткор дар мағз-мағзи баданашон хуфтааст, зарбу лат ва хушунат мебинанд, зери фишори равонӣ ва таҳдид ба сар мебаранд. Асабоният, нобоварӣ, ноумедӣ ёри ҳамешагияшон дар ғуломист.

Аммо онҳое, ки сарваташон аз ҳисоби ашкҳои шашқатору дилҳои ғамбори дигарон аст, кистанд? Дар ҷаҳон аксари ҷинояткороне, ки ба савдои одамон даст доранд, мард мебошанд. Дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бошад, аксари ҷинояткоронро занон ташкил медиҳанд. Бино бар омори гузориши мазкур, 55 дарсади ҷинояткороне, ки дар ин минтақа дар соли 2014 бо ҷурми савдои одамон паси панҷара фиристода шуданд, зан будаанд. Ин рақамҳо эҳтимолан ҳокӣ аз он аст, ки бо ин иттиҳом бештар занҳоеро, ки духтарони дигарро барои танфурӯшӣ ба хориҷа мебаранд, муҷрим мешиносанд ва барои ҷиноятҳои марбут ба кори иҷборӣ бо бандҳои дигари қонунгузорӣ парванда боз мекунанд.

Ҷуфтҳои ҷинояткор низ зиёданд. То ки фиребидани қурбонӣ осонтар гардад, ҷинояткорон ба ҳайси як оилаи хушбахт намудор мешаванд. Кӣ ба қиссаи зебои зану шавҳари сарватманд, ки зуд-зуд ба хориҷа мераваду он ҷо тиҷорати хуб дорад, бовар намекунад? Ва баъдан, кӣ ба ин гуна оила дарди дил накардаву, роҳи тиҷорат дар хориҷаро пурсон намешавад? Ва баъдан, ин оилаи “намунавӣ” дилсӯзӣ зоҳир мекунаду, пешниҳод мекунад, ки барояшон дар хориҷа кор меёбад. Дар гузориши Дафтари СММ доир ба мухадирот ва ҷиноёт мисоле аз Тоҷикистон зада шудааст, ки як ҷуфт духтарони тоҷикро барои истисмори шаҳвонӣ дар Ховари Миёна ҷалб мекард.

Аз ин рӯ, вақте шумо, ё дӯстатон, ӯ хешатон ба пешниҳоди аҷибе ба монанди кори сердаромади осон дар хориҷа рӯбарӯ мешавед, аввал фикр кунед – магар дар он кишвари бузург барои, масалан, кори пешхидматӣ касе ёфт намешавад, ки аз дуриҳои дур як нафари одиро бо масрафоти зиёде даъват мекунанд?