Чӣ тавр  вақтро дар  интернет  манфиатовар метавон гузаронид?

Ахбороти технологияҳо Навид

Чӣ тавр  вақтро дар  интернет  манфиатовар метавон гузаронид?  

Кинофилмҳо, мусиқӣ, бозиҳои онлайн, яъне  интернет намудҳои  гуногуни фароғатро пешниҳод мекунад. Аммо вақти холиро барои худтакмилдиҳӣ   низ сарф  кардан  мумкин аст. Дар баробари  пешниҳоди тарофаҳои дорои  ҳаҷми   зиёди трафик, МегаФон Тоҷикистон имкониятҳоро барои вақтгузаронии  пурсамар ва муфид дар интернет боз мекунад. Вале,  ин  ҳоло анҷоми кор нест,  зеро  оператор инчунин курсҳо ва чорабиниҳои такмилдиҳандаро баргузор менамояд.    

«Академияи МегаФон»

Таҳти ин унвон   ду платформаи таълимӣ   – оффлайн ва онлайн амал мекунад.    Якумаш барои сокинони шаҳри Душанбе дастрас буда, дуюминро   ҳамаи хоҳишмандон  дар дилхоҳ  ҷое, ки   интернет таъмин аст,  истифода  бурда  метавонанд.    Шумо метавонед бо ёрии  он   ихтисосҳои    талаботпазирро   омӯзед      ё   ҷаҳонбинии худро  васеъ намоед.

Курсҳо доираи васеи  соҳаҳоро,  ба монанди   IT, психология, рӯзноманигорӣ, маркетинг, забонҳои хориҷӣ,  дар  бар мегиранд.    Курсҳои онлайн дар ҳамкорӣ бо платформаҳои  пешқадами  таълимӣ таҳия  мегарданд.  Нархи   омӯзиш  хеле  дастрас аст   – 1 сомонӣ дар як рӯз.

Маълумоти муфассал ва  номнависӣ  ба курсҳо    ин ҷо:

Замимаҳо барои такмили  донишу маҳорат   

Имкониятҳои омӯзиши онлайн дар  сомонаи    асосии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» низ мавҷуданд.  Масалан, дар он ҷо  замимаҳо  барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешниҳод  мегарданд.   Барои онҳое, ки нияти    кору зиндагӣ  дар Русияро доранд  ё  дар кишварҳои дорои   забони муоширати байналмилалии   англисӣ таҳсил кардан мехоҳанд,  ин хеле муфид аст.

Замимаҳоро   дар сомона  бо чунин тартиб дарёфт  кардан мумкин аст: дар тарафи  болои саҳифаи асосӣ  қисми  “Боз ҳам” –ро пайдо карда, баъдан ба  сатрҳои  “Ҳамаи мундариҷа” – “Таълим”  гузаред.   Ё бевосита тавассути суроғаи          гузаред. Омӯзиши онлайн барои ҳама дастрас аст.       Чунончи,  забони русиро,  аз хона набаромада, ҳамагӣ бо арзиши   0,74 сомонӣ дар як шабонарӯз  омӯхтан мумкин аст.

Чорабиниҳои онлайн 

МегаФон Тоҷикистон мунтазам чорабиниҳои шавқоварро, аз қабили ҷамъомадҳо,  конфронсҳои онлайн ва машғулиятҳои омӯзишӣ,  доир менамояд.     Масалан, чанде пеш оператор дар ҳамкорӣ    бо “Академияи Ҳумо”  курси дизайни графикиро  баргузор намуд.

Маълумот дар бораи чунин чорабиниҳо, аз ҷумла чорабиниҳои  ройгон барои иштирокчиён, дар   саҳифаҳои   расмии ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд.  Аз эълонҳо бехабар  намонед ва     ба таври  онлайн пайваст   шавед!   Ҷиҳати   озодона истифода бурдани интернет барои  омӯзишу такомули шахсӣ,  ҳаҷми  барои худ лозимии   трафикро интихоб намоед.   Дар тарофаи    «Биё!» Бисоз Life»    бастаҳоро бо ҳаҷми  аз 10 ГБ то 150 ГБ пайваст карда   метавонед.   Ҳамааш   ба эҳтиёҷоти шахсии шумо вобаста аст.

Интернет ва вақтҳои холиро   барои омӯзиш ва баландбардории донишу  маҳорати   худ сарф намоед!   Дониши ба даст овардаатонро метавонед  барои пешрафти   фаъолият,   аз ҷумла барои кор  дар ягон  ширкати бузурги муваффақ,  истифода баред.  Масалан,  ҷойҳои кории холии ҷолибро   ин ҷо              пайдо  кардан   мумкин аст.