Дилрабо Мансурӣ: Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ унсурҳои меҳварии рушди устувори Тоҷикистон ҳастанд

Ахбороти технологияҳо Навид

Дилрабо Мансурӣ: Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ унсурҳои меҳварии рушди устувори Тоҷикистон ҳастанд

Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ имрӯз ба унвони яке аз самтҳои калидии дурнамои рушди давлат баромад намуда, татбиқи васеи онҳо ба такмили идоракунии давлатӣ, рушди иқтисод, молия, энергетика ва сатҳу сифати хизматрасониҳо такони ҷиддӣ мебахшад. Ин нуктаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», ки дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, таъкид намуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, форум бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, беш аз 2000 иштирокчиро гирди ҳам овард. Дар миёни онҳо роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, коршиносон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.

Дар меҳвари баррасии форум масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва рушди иқтисоди «ҳушманд» қарор дошта, таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамгироии инноватсияҳо дар таъмини рушди устувор равона гардид. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки маҳз технологияҳои рақамӣ ва қарорҳои зеҳни сунъӣ метавонанд идоракунии самаранок, шаффофият ва дастрасии васеъ ба хизматрасониҳоро таъмин намоянд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт як қатор санадҳои стратегиро қабул намудааст. Аз ҷумла, «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040», Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021–2025» заминаи муҳими гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои муосир ба ҳисоб мераванд.

Таъсири зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ танҳо ба иқтисод маҳдуд намонда, тамоми сохторҳои иҷтимоӣ ва идоракуниро фаро мегирад. Ин раванд имконият фароҳам меорад, ки сатҳи хизматрасонӣ беҳтар шуда, дастрасӣ ба маълумот ва маориф васеъ гардад, инчунин нобаробарии минтақавӣ коҳиш ёбад.

Дар доираи форум масъалаҳои дастгирии стартапҳо, ташаббусҳои ҷавонон ва лоиҳаҳои илмӣ дар самтҳои экология, иқлим, захираҳои об ва энергетика низ баррасӣ шуданд. Намоиши таҷрибаҳои пешрафта ва табодули дониш дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои муҳими ҳамоиш арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи худро дар самти зеҳни сунъӣ тақвият мебахшад. Аз ҷумла, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон, ки ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, далели ин раванд мебошад.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода изҳор дошт, ки форум ҳамчун платформаи байналмилалии бисёрсатҳа имконият фароҳам меорад, то ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи илмӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ ҳамкории худро густариш диҳанд.

Ҳамзамон, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, мақомоти давлатӣ ва шарикони хориҷӣ доир ба тамоюлҳои ҷаҳонии рақамикунонӣ, иқтисоди «сабз» ва нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор ибрози назар намуданд.

Дар доираи форум баргузории саммити ректорон, конфронсҳои илмию амалӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ, форумҳои ҷавонон ва соҳибкорӣ, инчунин дигар чорабиниҳои соҳавӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба таҳкими экосистемаи рақамӣ ва инноватсионии кишвар мусоидат менамоянд.

Дар маҷмуъ, форум ҳамчун минбари муҳими муколамаи байналмилалӣ ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва иқтисодӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар самти рушди устувор мусоидат хоҳад кард.