Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими амнияти иттилоотӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ

Навид Хабарҳои Хадамот

Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими амнияти иттилоотӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ

Дар доираи ҷаласаи тадорукотии Механизми глобалӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар заминаи амнияти байналмилалӣ намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи кишварро дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ муаррифӣ намуд. Дар ин бора сомонаи Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар додааст. 

Ба иттилои манбаъ, котиби сеюми Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Рахмонов Сафар зимни суханронӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкории бисёрҷониба барои ташаккули фазои амну устувор ва бозуи иттилоотӣ мебошад.

Зикр гардид, ки пешбурди рафтори масъулиятноки давлатҳо дар фазои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳкими чораҳои эътимодсозӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва коҳиши хавфҳо аз самтҳои калидии сиёсати кишвар ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, аҳамияти рушди механизмҳои табодули иттилоот ва вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои киберӣ махсус таъкид шуд.

Дар баромад инчунин ба имзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории киберӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун як қадами муҳими таҳкими низоми амнияти байналмилалии иттилоотӣ ишора гардид.

Ҳамзамон, зарурати тақвияти иқтидори давлатҳо дар соҳаи амнияти киберӣ, идоракунии хавфҳои рақамӣ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ зикр шуда, ба густариши дастгирии техникии байналмилалӣ, табодули дониш ва таҳкими ҳамкорӣ бо давлатҳои узв ва сохторҳои дахлдори низоми СММ таваҷҷуҳи хос дода шуд.