Идомаи мусобиқаҳои варзишӣ дар Хадамоти алоқа

Навид Хабарҳои расмӣ

Идомаи мусобиқаҳои варзишӣ дар Хадамоти алоқа

Имрӯз дар доираи мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони сохторҳои соҳаи алоқа, ки аз 21 апрел оғоз гардидаанд, рақобатҳо аз рӯйи бозиҳои шашка ва шоҳмот идома ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои мазкур дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардида, дар он Сардори Хадамот Исфандиёри Саъдулло суханронӣ намуданд. Зимни ифтитоҳ таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳо ба таҳкими рӯҳияи ҳамкорӣ, рушди варзиши оммавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунанд.

Бозиҳои шашка ва шоҳмот аз намудҳои зеҳнии барномаи мусобиқа буда, иштироки фаъоли кормандонро ҷалб намуда, дар фазои рақобати солим баргузор гардид. Иштирокчиён маҳорати фикрронӣ, таҳлил ва рақобатпазирии худро нишон доданд.

Мусобиқаҳо бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа (7 май) ва Рӯзи байналмилалии футбол (25 май) роҳандозӣ шуда, то 6 май идома хоҳанд ёфт.