
Хониши идоравӣ доир ба такмили дониш ва масъулияти хизматчии давлатӣ доир шуд
Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида хониши идоравӣ баргузор гардид, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии кормандон ва таҳкими масъулияти хизматчии давлатӣ равона шудааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ Мирраҷабзода Хусрав Миркарим, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат ҳамчун меҳмон ва маърузачӣ иштирок намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”-ро бар иштирокдорон шарҳу тавзеҳ дод. Номбурда зимни суханронӣ ба меъёрҳои асосии қонун, талабот нисбат ба хизматчиёни давлатӣ, инчунин масъулият ва одоби хизматиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр гардид, ки риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва эҳсоси масъулият дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ аз омилҳои муҳими таъмини самаранокии идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар хониши идоравӣ хизматчиёни давлатӣ аз сохторҳои гуногуни Хадамоти алоқа фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор анҷом доданд.