
29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026 баррасӣ шуд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар семоҳаи якуми соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳои ҷаҳон ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмин намудани суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро вазифаи аввалиндараҷа номиданд.