
Дар Хадамоти алоқа масъалаи ҳифзи муштариён аз қаллобӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ: ҳифзи муштариён аз қаллобӣ дар фазои рақамӣ» баргузор гардид.
Муовини сардори Раёсати амнияти иттилоотии Хадамот Бахтиёр Нодиров зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки бо афзоиши истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ ҳолатҳои киберқаллобӣ низ бештар ба мушоҳида мерасанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷинояткорон тавассути паёмҳои қалбакӣ, зангҳои фиребгарона ва сомонаҳои сохта кӯшиш мекунанд ба маълумоти шахсӣ ва маблағҳои шаҳрвандон дастрасӣ пайдо намоянд.
Бахтиёр Нодиров таъкид кард, ки ягон ташкилоти расмӣ тавассути телефон ё шабакаҳои иҷтимоӣ рамзҳои махфӣ ва маълумоти корти бонкиро дархост намекунад. Ӯ тавсия дод, ки танҳо аз сомонаҳо ва барномаҳои расмӣ истифода бурда, барои ҳифзи ҳисобҳои худ тасдиқи дуқадамиро (2FA) фаъол созанд.
Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии аҳолӣ ва риояи қоидаҳои оддии амниятӣ метавонад аз талафоти молиявӣ ва дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумоти шахсӣ пешгирӣ намояд. Ӯ ҳушёрӣ ва огоҳиро омили асосии таъмини амнияти шаҳрвандон дар фазои рақамӣ арзёбӣ кард.