Телефони боварӣ. Барои ҳалли мушкилоти худ мустақиман ба Хадамоти алоқа муроҷиат намоед

Бори дигар ба таваҷҷуҳи муштариёни операторҳои алоқаи барқӣ дар кишвар расонида мешавад, ки дар робита ба пеш омадани ҳар гуна мушкилот дар хизматрасонҳои ширкатҳои мобилӣ ва пурсишҳои марбута ба соҳа метавонанд бо телефони боварии 2 21 00 09 мустақиман ба Хадамоти алоқа муроҷиат намоянд.
Телефони боварӣ бо мақсади баланд бурдани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар кишвар, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои дар соҳа ҷойдошта, ду сол пеш аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шуда, ба таври шабонарӯзӣ фаъол мебошад.
Хадамоти алоқа дар доираи салоҳиятҳои худ талош мекунад вобаста ба сатҳу сифати хизматрасониҳо ҳама гуна арзу шикоятҳои шаҳрвандонро оҷилан баррасӣ ва мушкилоту монеаҳоро бартараф намояд.