TCELL ДАР TECH JAM 2024: ТЕХНОЛОГИЯ ВА МАОРИФРО ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ

Навид

TCELL ДАР TECH JAM 2024: ТЕХНОЛОГИЯ ВА МАОРИФРО ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ

Tcell сарпараст ва шарики форуми Tech Jam 2024 гардид, ки ба мавзӯи «Технологияҳои насли оянда» бахшида шудааст. Ширкат мутмаин аст, ки рушди малакаҳои IT ва таҳсилоти рақамӣ калиди шукуфоию пешрафти Тоҷикистон аст.

Қаблан байни Tcell, Ilmhona ва Re-skill низ як Ёддошти муҳим ба имзо расид, ки дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ эълон шуда буданд:

Роҳандозии барномаҳои муосири таълимӣ барои кормандони Tcell дар заминаи ҲМ(ҳуши маснӯъӣ)

Тайёр кардани мутахассисони техникӣ ва ташкили давраҳои индивидуалии бозомузӣ.

Дастгирии экосистемаи IT ва саводнокии рақамӣ тавассути чорабиниҳои муштарак.

Tcell боварӣ дорад, ки сармоягузорӣ ба технология ва маориф саҳм гузоштан ба ояндаи тамоми кишвар аст.