Tcell фарогирии 4G-ро дар вилояти Суғд тавсеа бахшида, нақшаҳои бузургмиқёсро барои соли 2025 омода мекунад!
Ширкати Tcell рушди фаъоли инфрасохтори шабакавӣ дар вилояти Суғдро идома дода, дастрасии сокинони минтақаро ба интернети баландсуръат беҳтар месозад. Дар доираи лоиҳаи васеъмиқёс оид ба тавсеаи шабакаи 4G дар ноҳияҳои Ашт, Истаравшан, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Деваштич беш аз 15 пойгоҳи базавии стандарти LTE 2100 ба кор андохта шуданд.
Ифтитоҳи пойгоҳҳои ҷадид ҷузъе аз нақшаи стратегии ширкат барои таъмини фарогирии босифати 4G барои ҳамаи муштариён мебошад. Бо шарофати ин иқдом сокинони маҳаллаҳои дурдаст метавонанд аз интернети баландсуръат барои муошират, кор, омӯзиш ва фароғат истифода баранд.
Дар оянда чӣ?
Дар соли 2025 ширкат нақша дорад, ки лоиҳаи бузургеро барои ба кор андохтани пойгоҳҳои нави стандарти 4G дар саросари қаламрави Тоҷикистон амалӣ намояд. Тарҳи мазкур пӯшиши шабакаи 4G-ро хеле васеъ намуда, ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои кишвар дастрасӣ ба технологияҳои муосирро фароҳам меоранд.
Tcell ба рисолати аслии худ – пешниҳоди технологияҳои муосири коммуникатсионӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои муштариён содиқ мемонад!