4G дар Хуросон: пайвасти насли нав аллакай дар ин ҷост!
Ширкати ZET-MOBILE лоиҳаи бузурги навсозии шабакаро дар ноҳияи Хуросон бо насби шаш истгоҳи нави 4G ба анҷом расонид. Ин имкон дод, ки сифати алоқа ба таври назаррас беҳтар карда шавад ва фарогирии устувор дар қаламрави бештари ноҳия таъмин карда шавад. Акнун сокинон ва меҳмонони Хуросон метавонанд дар вақти дилхоҳ аз интернети баландсуръати мобилӣ ва муоширати бароҳат баҳра баранд.
Ин тағиротҳо барои ҷойҳои кории дурдаст, омӯзиш, тиҷорат ва фароғат имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Мо мекӯшем, ки технологияи муосирро барои ҳама дастрас кунем, новобаста аз он ки шумо дар куҷо ҳастед. Инфрасохтори нав кафолат медиҳад, ки ҳатто дар гӯшаҳои дурдасти Хуросон сифати алоқа ба стандартҳои баландтарин мувофиқат мекунад.
ZET-MOBILE фаъолона барои васеъ ва навсозии шабака дар саросари кишвар кор мекунад. Муштариёни мо сазовори беҳтаранд ва мо ифтихор дорем, ки дар рушди минтақаҳо саҳм мегузорем.