Баргузории ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти дар соли 2024

Навид Хабарҳои Хадамот

Баргузории ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти дар соли 2024

10 январи соли 2025 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи алоқа дар соли  2024 ва нақшаҳои минбаъда дар соли 2025 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти алоқа роҳбарони тамоми сохторҳои зертобеъ, кормандон,  сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва муовинони онҳо, сардорони шуъбаҳои Хадамот, сардорону муҳосибони соҳаи алоқаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини Сардори Хадамоти алоқа Муртазозода Аҳлиддин ифтиҳоҳ намуда, аз рӯйи рӯзномаи ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти алоқа  фаъолияти  Хадамот дар соли 2024 ва нақшаҳои минбаъда дар соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар бахши дигар ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту норасоиҳо, ки ба рушди бомайлон ва ислоҳоти соҳа монеа эҷод мекунанд, дастуру супоришҳои мушаххас ба масъулин дода шуд.