Сардори Хадамоти алоқа бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ намудани лоиҳаҳои муштаракро муҳокима намуд
6-уми майи соли 2025 вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) доир ба алоқа ва технологияҳо таҳти роҳбарии Директори департаменти соҳавӣ Холгер Муент баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Исфандиёри Саъдулло қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо имрӯз бо тамоми ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла БАТР дар самти ҷалби маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногун тақвият ёфта истодааст.
Инчунин, қайд шуд, ки солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст ва барои амалисозии ин иқдом рушди соҳаи алоқаи кишвар муҳим мебошад.
Дар робита ба ин ҷонибҳо ҳангоми вохӯрӣ, ки дар фазои кушода ва дӯстона доир гардид, татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи алоқа, аз ҷумла лоиҳаи навсозии шабакаи магистралии нахи оптикии ҶСК «Тоҷиктелеком»-ро баррасӣ намуданд.
