Ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти алоқа: ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 

Навид Хабарҳои Хадамот

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти алоқа: ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025

Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти раёсати Сардори Хадамоти алоқа баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи алоқа дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори ҷаласа сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа, намояндагони корхонаю муассисаҳои тобеи соҳа, инчунин роҳбарони сохторҳои минтақавии Хадамоти алоқа дар вилоятҳо иштирок намуданд.

Ҷаласаро Исфандиёри Саъдулло ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки соли 2025 барои соҳаи алоқаи кишвар марҳилаи муҳим ва пурмасъулият ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои алоқа, густариши инфрасохтори рақамӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосир корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони як қатор сохторҳои зертобеи Хадамоти алоқа ва бахшу шуъбаҳои минтақавии он маърӯза намуда, натиҷаҳои самтҳои гуногуни соҳаи алоқаро дар соли гузашта таҳлил карданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа раванди таҳияи лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ шуда, доир ба нақшаи амал, танзими ҳуқуқӣ ва риояи қонунгузорӣ ҳангоми таҳия ва татбиқи ин ҳуҷҷати муҳимми танзимкунандаи соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи лоиҳаи стратегияи мазкур супориш дода буданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа ба роҳбарони сохторҳо ва корхонаҳои соҳа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани самаранокии фаъолият, татбиқи босифати барномаҳои давлатӣ ва таъмини рушди устувори соҳаи алоқа дар солҳои минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.