Дар шаҳри Душанбе миёни ҶСК «Тоҷиктелеком» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон созишномаи муҳими ҳамкории стратегӣ ба имзо расид, ки ба рушди инфрасохтори рақамии футболи кишвар равона шудааст

Навид Хабарҳои Хадамот

Ҳуҷҷати ҳамкориро Директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком» Абдусатторзода Бахтовар ва Муовини Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов имзо карданд. Тибқи созишнома, ҶСК «Тоҷиктелеком» мақоми шарики стратегии тимҳои миллии кишварро касб намуд.

Дар доираи ин шарикӣ, ҶСК «Тоҷиктелеком» бо истифода аз имкониятҳои васеи зерсохторӣ ва таҷрибаи худ дар татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ, таъмини хидматрасониҳои муосири алоқа ва интернетро дар варзишгоҳҳо ва пойгоҳҳои тамринӣ ба роҳ мемонад. Ҳамзамон, ҷонибҳо барои рақамикунонии равандҳои идоракунӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳаи футбол ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи масъулон, таваҷҷӯҳи махсус ба рушди муносибат бо ҳаводорон, татбиқи барномаҳои муштараки иҷтимоӣ ва ҷавонон, инчунин баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба футбол дар саросари кишвар зоҳир мегардад.

Директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком» Абдусатторзода Бахтовар таъкид намуд, ки футбол яке аз омилҳои муҳими муттаҳидсозандаи ҷомеа мебошад: «Футболи тоҷик миллионҳо нафарро муттаҳид мекунад. Барои мо шараф аст, ки ҳамчун оператори миллии алоқа дар рушди ин соҳа саҳмгузор мешавем».Дар навбати худ, Искандар Ҷалилов изҳор дошт, ки ин ҳамкорӣ имкониятҳои навро барои рушди инфрасохтори футбол ва муҳити рақамии он фароҳам меорад:
«Мо бовар дорем, ки шарикӣ бо ҶСК «Тоҷиктелеком» ба пешрафти футболи тоҷик такони ҷиддӣ мебахшад».

Ба таъкиди тарафҳо, рушди варзиш, бахусус футбол, ҳамчун омили муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли наврас арзёбӣ мегардад. Ҷонибҳо ният доранд дар оянда ҳамкориро густариш дода, рӯйхати лоиҳаҳои муштаракро боз ҳам васеъ намоянд.