19 марти соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдурахмонзода Абдурахмон Сафаралӣ ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ баргузор гардид. Дар он мавзӯи «Вазъи соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таҷдиди хатҳои нахии нурии байнишаҳрӣ ва таъмини аҳолӣ бо интернети баландсуръат» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози ҷаласа Абдурахмонзода А. С. қайд намуд, ки соҳаи алоқа таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Сиёсати давлатӣ ба рушди шабакаҳои муосири алоқа, баланд бардоштани суръати интернет, таъмини дастрасии нархии он ва рақамикунонии хизматрасониҳо равона гардидааст.
Дар доираи ҷаласа гузориши сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло шунида шуд. Қайд гардид, ки аз ҷониби Хадамот дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои рушди минбаъдаи соҳа, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахии нурӣ ва таъмини аҳолӣ бо интернети баландсуръат чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.