Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
НОРИЁН ПАРВИЗ ИСМАТУЛЛО
Нориён Парвиз Исматулло 18 сентябри соли 1983 дар шаҳраки И.Сомонӣ, ноҳияи Кушониён (собиқ н.Бохтар)-и вилояти Хатлон дар оилаи зиёиён таваллуд шудааст.
Соли 2000-ум мактаби миёнаро бо атестати сурх хатм намуда, ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа (шаҳри ҳозираи Бохтар) ба факултаи забонҳои хориҷӣ дохил шуда, онро соли 2005 донишгоҳи мазкурро муваффақона бо дипломи сурх хатм кардааст.
Фаъолияти кории худро соли 2006 дар то 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳотҳои иқтисодӣ кору фаъолият намудааст.
Аз соли 2006 то 2009 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар бахши ғоибона таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси “иқтисоди ҷаҳон” гардид. Ҳамзамон аз соли 2013 то 2015 дар Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Укёнуси Ором (Ritsumeikan Asia-Pacific University “APU”)-и шаҳри Беппуи Префектураи Оитаи Ҷопон илму дониш андӯхта соҳиби ихтисоси “Мастери илм оид ба сиёсати робитаҳои байналмилалӣ” мебошад.
Аз декабри соли 2015 то феврали соли 2019 ба симмати муовини якуми Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» ва аз 28-уми феврали соли 2019 то 03 ноябри соли 2025 Директори МДТ «Варзиш» фаъолият намудааст.
Аз 3-уми ноябри соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами 593 ба ҳайси Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Миллат тоҷик
Забонҳои русӣ, англисӣ ва узбекиро медонад.
Оиладор