Чӣ тавр метавон интернети хонагиро бо нархи муфид пайваст намуд
Пайдо кардани дастрасии баландсуръат барои тамоми оила бо шартҳои махсус имконпазир аст. Дар доираи иқдом, ки дар шаҳри Душанбе амал мекунад, хизматрасонии “Интернет барои хона” аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба мизоҷони нав бо тахфифи 50% пешниҳод мегардад.
“Интернет барои хона” дар бисёри маҳаллаҳои пойтахти Тоҷикистон дастрас аст. Сокинони Душанберо кофист, ки ба наздиктарин идораи оператор муроҷиат намоянд ё тариқи рақами 4747 дархост гузоранд – ва ба хонаи онҳо интернет аз рӯи технологияи GPON ворид хоҳад шуд. Ҳангоми чунин пайвасткунӣ трафик тариқи кабели нахӣ-нурӣ бе мушкилӣ интиқол меёбад. Ин маънои онро дорад, ки суръатҳои муқарраршудаи интернет ба ҳамаи истифодабарандагон новобаста аз он, ки чанд узви оила тариқи интернет кор мекунанд, таҳсил менамоянл ва вақти холии худро мегузаронанд, дастрас хорҳанд буд.
Ҷиҳати мусбати дигар – интернет тавассути GPON начандон ба шабакаҳои барқӣ алоқамандӣ дорад. Ба шарофати хатҳои нахӣ-нурӣ трафик бе талафоти сифат ба масофаи даҳҳо километр интиқол меёбад ва дастрасӣ ба интернет ҳатто дар сурати бо навбат қатъ гардидани нерӯи барқ дар маҳаллаҳои Душанбе нигоҳ дошта мешавад.
Истифодабарандагони нави хизматрасонӣ имкон доранд, ки онро бо нархҳои махсус пайваст намоянд. Ҳамин тавр, тарофаи “Барои Хона 3 Мбит/с” 70 сомонӣ арзиш хоҳад дошт (қаблан – 140 сомонӣ). “Барои Хона 5 Мбит/с” дар доираи иқдом 85 сомонӣ арзиш дорад (ба ҷои 170). “Барои Хона 10 Мбит/с” – 140 сомонӣ (нархи қаблӣ – 280 сомонӣ).
Иқдом бо нархҳои махсуси интернети ноқилӣ – яке аз чорабиниҳоест, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба сифати дастгирии ташаббусҳои дар паёми президенти кишвар зикршуда гузаронида мешавад. Баландбардории сатҳи дастрасии технологияҳои муосир вазифаи муҳим барои солҳои 2025-2030, ки дар Тоҷикистон “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо” эълон гардидаанд, маҳсуб меёбад.
Маълумоти муфассалро оид ба хизматрасонии “Интернет барои хона” метавон дар сомона пайдо намуд.